Таъмини пурраи нафақахӯрон бо кортҳои бонкӣ то моҳи апрел

Ҷараёни таъмини нафақахӯрони Тоҷикистон бо кортҳои бонкӣ, ки соли 2010 шурӯъ гардида буд, давоми семоҳаи аввали соли равон ба итмом мерасад. Айни замон 88%-и онҳо тариқи чунин кортҳо нафақа мегиранд. Раиси БДА «Амонатбонк» Руҳулло Ҳакимзода зимни нишасти хабарии ҷамъбасти сол дар ин робита изҳор намуд, ки ҷараёни ба пардохт тариқи кортҳои бонкӣ гузаронидани нафақахӯрон дар […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҷараёни таъмини нафақахӯрони Тоҷикистон бо кортҳои бонкӣ, ки соли 2010 шурӯъ гардида буд, давоми семоҳаи аввали соли равон ба итмом мерасад. Айни замон 88%-и онҳо тариқи чунин кортҳо нафақа мегиранд.

Раиси БДА «Амонатбонк» Руҳулло Ҳакимзода зимни нишасти хабарии ҷамъбасти сол дар ин робита изҳор намуд, ки ҷараёни ба пардохт тариқи кортҳои бонкӣ гузаронидани нафақахӯрон дар тамоми шаҳру навоҳӣ идома дошта, ин кор бепул сурат мегирад.

Роҳбари бонк қайд кард, ки айни замон 585,5 ҳазор нафар нафақахӯрон (88% аз шумори умумӣ) дар 60 филиалҳои «Амонатбонк» дар саросари кишвар нафақаҳои худро тариқи кортҳои бонкӣ дастрас мекунанд.

«Дар ҳамдастӣ бо Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва таъмини нафақаи назди ҳукумати Тоҷикистон механизми гузашти пардохти нафақа тавассути кортҳои бонкӣ дар шаҳру навоҳии боқимонда то охири семоҳаи аввали соли 2017 ба итмом расонида мешавад», – таъкид дошт раиси «Амонатбонк».

Ба гуфтаи ӯ, феълан шумори нафақахӯрони мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ 643 ҳазор нафар ва нафақахӯрони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 21 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Зимнан зикр гардид, ки дар як моҳ барои пардохти нафақаи мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ – 182,6 млн. сомонӣ ва нафақаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ – 13,7 ҳазор сомонӣ маблағ зарур аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.