Зимни нишасти хабарии ҷамъбасти соли гузашта раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ изҳор дошт, ки дар вилоят аломатҳои нахустини гузаштан аз минтақаи аграрӣ-индустриалӣ ба минтақаи индустриалӣ-аграрӣ ба мушоҳида расида, суръати афзоиши истеҳсолот дар соҳаи саноат ба ин гувоҳӣ медиҳад.
«Агар дар хотир дошта бошед, қаблан мо гуфта будем, ки шурӯъ аз соли 2014 дар зарфи 3 сол ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро 2 баробар зиёд мекунем, – гуфт ӯ. – Ба мо муяссар шуд, ки ин нишондиҳандаро 2,4 баробар афзоиш диҳем ва имсол мақсад дорем, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатир то 8 млрд. сомонӣ расонем».
Бино ба маълумоти Абдураҳмон Қодирӣ, соли гузашта дар вилоят ба маблағи умумии 6,9 млрд. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуда, сураъти афзоиш 149%-ро ташкил додааст.
Раиси вилоят ҳамчунин зикр кард, ки соли гузашта дар қаламрави вилоят 98 адад корхонаҳои нави саноатӣ бо 2,5 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд.
«Корхонаҳои нав асоан дар соҳаҳои саноати сабуку хӯрокворӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмон бунёд гардида, ба роҳандозии ивази маҳсулоти воридотӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ мусоидат намуданд», – гуфт раиси вилоят.


