ВКД доир ба ҷузъиёти ҳалокати мушовири вазири мудофиа дар садамаи нақлиёт

Date:

Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар сомонаи расмиаш доир ба ҷузъиёти ҳодисаи садамаи нақлиёт, ки бар асари он мушовири вазири мудофиа генерал-майор Зариф Шарифзодаи 46-сола ҳалок шуд, маълумот дод.

Дар маълумот қайд мешавад, ки бегоҳии 18 январ ронандаи автомашинаи тамғаи “Киа-Соул” Шарифзода Зафар Тоҳирӣ ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Умари Хайём бо сабабҳои номаълум ба қафои автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда, марди 44-солаи сокини шаҳри Душанбе бархӯрдаааст.

«Дар натиҷа автомашина ба қисмати тарафи рости роҳ баромада, дар ҷуйбори обрав қарор мегирад, – омадааст дар маълумот. – Мутаассифона, ронандаи автомашинаи тамғаи “Киа-Соул” Шарифзода Зафар Тоҳирӣ ба ҳалокат расидааст».

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи як манбаъ аз Вазорати мудофиа, фарзияи асосии садама ин аст, ки ҳангоми сари рули автомашина қарор доштани генерал, эҳтимол дилаш аз кор монда, автомашина ба мошини дар пешистода бархӯрдааст.

Генерал-майор Зариф Шарифзода то моҳи сентябри соли 2015 ба ҳайси муовини аввали вазири мудофиа кор мекард. Баъди ба исёни мусаллаҳона даст задани муовини дигари вазир Абдуҳалим Назарзода ва безарар гардонидани гурӯҳи ӯ, ҳамаи муовинони вазири мудофиа, аз ҷумла Шарифзода низ аз мансабҳояшон барканор шуданд. Баъдан ӯ мушовири вазири мудофиа шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...