Роҳбари «Тоҷик Эйр»: Ба Хоруғ чархбол парвоз карда метавонад

Директори генералии ширкати давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» Хайрулло Раҳимов дар мавриди парвози ҳавопаймоҳо тариқи хатсайри Душанбе – Хоруғ изҳор намуд, ки агар фармоиш бошад, ширкат имкон дорад, ки парвоз ба ин самтро таъмин кунад. «Ширкати мо парвозҳои доимӣ тариқи хатсайри Душанбе – Хоруғро аз 5 октябри соли гузашта мутаваққиф кард, – шарҳ дод ӯ. – […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Директори генералии ширкати давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» Хайрулло Раҳимов дар мавриди парвози ҳавопаймоҳо тариқи хатсайри Душанбе – Хоруғ изҳор намуд, ки агар фармоиш бошад, ширкат имкон дорад, ки парвоз ба ин самтро таъмин кунад.

«Ширкати мо парвозҳои доимӣ тариқи хатсайри Душанбе – Хоруғро аз 5 октябри соли гузашта мутаваққиф кард, – шарҳ дод ӯ. – Лекин мо варианти эҳтиётӣ дорем, ки он чархболи Ми-8 буда, ин чархбол ҷиҳати парвоз ба ҳама гуна самтҳо муддати 24 соат дар як шабонарӯз омода аст».

Дар идома ӯ гуфт, дар шароити мувофиқати обуҳаво, бо чархболи Ми-8 метавон 22 нафар мусофиронро ба нуқтаи таъинот расонид, ки «шуморашон аз ҳавопаймои АН-28, ки қаблан дар ин самт парвоз мекард,  зиёдтар мебошад».

«Ҳавопаймои АН-28, ки бо хатсайри мазкур парвоз мекард, ба таъмир ниёз дорад, вале аксари қисмҳои эҳтиётиаш аллакай истеҳсол намешаванд, – иброз дошт номбурда. – Аз ин рӯ, ба хотири таъмини амнияту бехатарии мусофирон мо парвозҳо тариқи ин хатсайрро боздоштем».

Ёдрас мекунем, ки қаблан аз «Тоҷик Эйр» иттилоъ дода буданд, ки Хоруғ яке аз самтҳои аз нигоҳи стратегӣ муҳим ба шумор рафта, раҳбарияти ширкати назди худ мақсад гузоштааст, ки парвози ҳавопаймоҳо тариқи хатсайри Душанбе-Хоруғ-Душанберо барқарор намояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.