Даъвати Арабистони Саудӣ ба саҳмгузорӣ дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун

Дар доираи сафари расмӣ ба Арабистони Саудӣ раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо муовини вазири молияи ин кишвар Муҳаммад Ал-Мазият дидору гуфтушунид кард. Тавре котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» хабар дод, дар мулоқот масоили ҷалби сармояи Арабистони Саудӣ ба рушди соҳаҳои сайёҳиву коммуникатсия ва энергетикаву нақлиёти Тоҷикистон мавриди баррасӣ […]

Asia-Plus

Дар доираи сафари расмӣ ба Арабистони Саудӣ раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо муовини вазири молияи ин кишвар Муҳаммад Ал-Мазият дидору гуфтушунид кард.

Тавре котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» хабар дод, дар мулоқот масоили ҷалби сармояи Арабистони Саудӣ ба рушди соҳаҳои сайёҳиву коммуникатсия ва энергетикаву нақлиёти Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ Шукурҷон Зуҳуров изҳор намудааст, ки ахири моҳи октябри соли гузашта Тоҷикистон ба бунёди сарбанди нерӯгоҳи барқи обии Роғун оғоз намуд, ки яке аз иншооти бузургтарини гидроэнергетикии минтақаи Осиёи Марказӣ хоҳад буд ва агрегати аввали он бояд охири соли 2018 ба кор дароварда шавад.

«Дар шароити буҳрони молии ҷаҳонӣ имрӯз Тоҷикистон барои бунёди нерӯгоҳи Роғун ба ҷалби қарзҳои имтиёзноки дарозмуҳлат ниёз дорад ва дар ин самт мо ба Арабистони Саудӣ умед дорем», – гуфтааст Шукурҷон Зуҳуров.

Дар навбати худ Муҳаммад Ал-Мазият зикр кардааст, ки Арабистони Саудӣ тавассути Фонди рушди Саудӣ маблағгузорӣ ба амалисозии лоиҳаҳо дар Тоҷикистонро меафзояд.

Қобили зикр аст, ки аз ҷониби ин фонд амалисозии лоиҳаҳо дар Тоҷикистон дар бахшҳои нақлиёт, таҷдиду азнавсозии иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла бемористонҳо дастгирӣ шуда, минбаъд сармоягузорӣ ба соҳаҳои савдо ва турзим пешбинӣ шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.