Дар вохӯрӣ бо журналистон намояндагони сохторҳои меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ доданд, ки 36%-и аҳолии коршоями вилоят имрӯз дар хориҷи кишвар қарор доранд.
«Беш аз 31,7 ҳазор нафар сокинони вилоят муҳоҷирати кориро ихтиёр намуда, ин ҳам дар ҳолест, ки ҳамасола дар минтақа ҷойҳои кории зиёде муҳайё мегарданд, – гуфт Мамадкарим Назиров, сардори Раёсати агентии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ВМКБ. – Танҳо дар соли гузашта барои 4,4 ҳазор нафар бекорони сабтшуда 2,5 ҳазор ҷойҳои корӣ фароҳам оварда шуда, боз 1 ҳазору 418 нафар ба машғулиятҳои омӯзиши касбҳои нав фаро гирифта шуданд».
Сардори Раёсати хадамоти муҳоҷирати меҳнатии минтақа Мулкамон Каниев изҳор кард, ки бо вуҷуди ин, шумори ба хориҷа рафтани аҳолии коршоям ҳамасола афзуда, агар соли гузашта 22 ҳазор нафар аз муҳоҷират баргашта бошанд,дар ин давра 23,9 ҳазор нафар ба муҳоҷирати корӣ раҳсипор гардидаанд, ки аз соли пешин 1,8 ҳазор нафар зиёдтар аст.
Зимнан зикр гардид, ки соли гузашта барои қонуншиканиҳои гуногун ба зиёда аз 1 ҳазору 254 нафар муҳоҷирон аз ВМКБ вуруд ба Русия манъ шуда буд.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти филиали Бонки миллӣ дар Хоруғ, ҳаҷми амонатҳои шахсии сокинони вилоят 181 млн. сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2015 ба миқдори 9 млн. сомонӣ камтар буда, маблағи аз ҷониби муҳоҷирон интиқолёфта ба санаи 1 январи соли равон 25,4 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба соли пешин 5 млн. доллар камтар мебошад.
Бо ин сабабҳо қобилияти қарздиҳии низоми бонкиии минтақа суст шуда, соли 2016 бонкҳои тиҷоратии вилоят ҳамагӣ дар ҳаҷми 37 млн. сомонӣ қарз додаанд, ки нисбат ба соли 2015 ба андозаи 63% камтар буда, дар навбати худ ҷараёни баргардонидани қарзҳо ҳам ба мушкилӣ мепечад.


