Афзоиши истеҳсоли алюминийро нархи пасту талаботи кам бозмедорад

Соли гузашта Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли алюминии аввалияро зиёд накард ва чунин тасмим ба поинравии нархҳо ва коҳиши талабот ба ин навъи металл асоснок карда мешавад. Зимни нишасти хабарии имрӯза вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шавкат Бобозода дар ин робита изҳор намуд, ки соли гузашта истеҳсоли алюминий дар ҳаҷми соли 2015 сурат гирифт, вале аз […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Соли гузашта Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли алюминии аввалияро зиёд накард ва чунин тасмим ба поинравии нархҳо ва коҳиши талабот ба ин навъи металл асоснок карда мешавад.

Зимни нишасти хабарии имрӯза вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шавкат Бобозода дар ин робита изҳор намуд, ки соли гузашта истеҳсоли алюминий дар ҳаҷми соли 2015 сурат гирифт, вале аз ҳаҷми мушаххаси металли истеҳсолшуда дар соли 2016 маълумот надод.

Қобили зикр аст, ки соли 2015 «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) ҳудуди 140 ҳазор тонна алюминиии аввалия истеҳсол карда буд.

«Нархҳо поин рафта, мутаносибан хароҷоти истеҳсолот зиёд мешавад ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоте, ки арзон мешаваду талабот ба он кам аст, мувофиқи мақсад нест», – иброз дошт вазир.

Соли 2016 истеҳсоли 158 ҳазор тонна металл пешбинӣ гардида, аммо аввалҳои нимаи дуюми соли гузашта раҳбарияти ТАЛКО дар бораи коҳиши ҳаҷми истеҳсол маълумот дод, то ки аз талафот (зарар), ки ҳаҷми умумиаш 30 млн. доллар арзёбӣ шуд, пешгирӣ карда шавад.

Дар ширкат пешбинӣ гардида буд, ки то охири сол ба ивази 158 ҳазор тоннаи қаблан пешбинишуда 150 ҳазор тонна алюминии аввалия истеҳсол мешавад.

Охири моҳи сентябри соли гузашта ТАЛКО изҳор карда буд, ки раҳбарияти ширкат тасмим гирифтааст, бо назардошти ба андозаи назаррас паст рафтани нархи ҷаҳонии алюминий, масъалаи коҳиш додани ҳаҷми истеҳсолоти ин маҳсулотро дар кишвар ба миён гузорад.

Дар ҳамин ҳол, Шавкат Бобозода қайд кард, ки ба ҳар ҳол соли ҷорӣ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли алюминиии аввалия ва ҳамчунин зиёд кардани коркарди дохилии алюминий дар назар аст.

Бино ба маълумоти вазир, талаботи кишвар ба алюминии коркардшуда 30 ҳазор тонна дар як солро ташкилдода, соли равон то 10 ҳазор тонна расонидани ҳаҷми коркарди металл ба нақша гирифта шудааст.

Қобили зикр аст, ки тайи чанд соли ахир ТАЛКО ба вазъи мушкили моливу иқтисодӣ дучор шуда, истеҳсоли алюминий аз 420 ҳазор тонна дар соли 2007 то ба 125 ҳазор тонна дар соли 2014 коҳиш ёфт.

Харидори асосии алюминии Тоҷикистон Туркия буда, ин металл ҳамчунин ба Тайван, Эрон, Ҷазираҳои Вирҷиния, Ӯзбекистон, Покистон ва дигар кишварҳо содирот мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио