Зимни тирпарронӣ дар яке аз масҷидҳои Канада 5 нафар кушта шуданд

Date:

Зимни тирпарронӣ дар масҷиди Квебеки Канада дастикам 5 нафар ба ҳалокат расиданд, хабар медиҳад шабакаи телевизионии «Дожд» бо истинод ба Reuters.

Гуфта мешавад, дар маркази фарҳанги исломии Квебек-Сити се нафар ба тирпарронӣ оғоз намуда, он замон дар масҷид ҳудуди 40 нафар ҳузур доштаанд. СВС дар бораи захмишудагони зиёд хабар медиҳад, ки вазъи онҳо алҳол маълум нест.

Намояндаи мақомоти пулиси Квебек изҳор доштааст, ки захмишудагон хеле зиёд буда, фавтидагон ҳам ҳастанд. Гирду атрофи макони ҳодиса ба иҳота гирифта шуда, ду нафар гамонбаршудагон боздошт шудаанд.

Қобили зикр аст, ки моҳи июни соли 2016 ҳангоми моҳи барои мусалмонон шарифи Рамазон дар даромадгоҳи ин масҷид каллаи хук дарёфт шуда буд. Соли 2015 бошад, дар музофоти Онтарио шахсони номаълум масҷидро оташ зада буданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...