Ҳалокати 7 нафар бар асари тармафароӣ дар роҳҳо

Рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта бар асари лағзиши тарма дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 7 нафар шаҳрвандони кишвар ба ҳалокат расиданд. Бино ба маълумоти дафтари матбуотиКумитаи ҳолатҳои фақулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ, рӯзи 28 январ дар шоҳроҳи Ишкошим-Хоруғ, Ваҳдат-Рашт-Ҷиргатол ва махсусан дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд фаромадани тарма ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷаи фаромадани тарма дар […]

Asia-Plus

Рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта бар асари лағзиши тарма дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ 7 нафар шаҳрвандони кишвар ба ҳалокат расиданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуотиКумитаи ҳолатҳои фақулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ, рӯзи 28 январ дар шоҳроҳи Ишкошим-Хоруғ, Ваҳдат-Рашт-Ҷиргатол ва махсусан дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд фаромадани тарма ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷаи фаромадани тарма дар ВМКБ 2 нафар шаҳрванд ба ҳалокат расиданд.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи фаромадани 40 тарма ва боришоти барфи пуршиддат шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд баста ва беш аз 200 мошин дар муҳосираи тармаву ғарами барф монданд. Барои ташкили кор ҷиҳати интиқоли одамон ва овардани онҳо то макони бехатар гуруҳи кории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда созмон дода шуд.

Дар натиҷаи роҳандозии корҳои наҷот аз 28 то 29-уми январ наздик ба 800 нафар одамон ва 50 мошини боркашу 150 мошини сабукрав макони амн интиқол дода шуд. То бегоҳии 29-уми январ наҷотдиҳандагони Кумита  аз ҷарии  150 метр  4 ҷасад ва аз мошин 1 ҷасадро ёфтанд.

Барои тоза кардани роҳи мошингард ва бартарафсозии оқибатҳои офат хадамоти роҳи ширкати Innovative Road Solutions (IRS) 6 адад техникаро аз ду тараф сафарбар намуд. Дар ҷойи тарма барои таъмини бехатарии одамон постгоҳҳои иловагӣ аз ҳисоби кормандони БДА ва хадамоти роҳи ширкати IRS гузошта шуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар роҳи мошингарди Душанбе – Хоруғ – Мурғоб ҳамоно ҳолати вазнин ҳукмфармост. Бар асари резиши барф ва лағзиши тарма дар қаламрави ноҳияҳои Рӯшон, Шуғнони ВМКБ роҳҳо баста шудаанд. Ситоди бартарафсозии оқибатҳои офат, ки ахиран созмон дода шуд, шабонабарӯз фаъолият мекунад.

Ҳамчунин хотиррасон мешавад, ки аз аз 28 то 30 январи соли ҷорӣ эҳтимолияти лағзиши тарма дар навоҳии  ВМКБ, қаторкӯҳҳои Ҳисор, роҳҳои мошингарди Душанбе – Хоруғ, Душанбе – Хуҷанд, Душанбе – Ҷиргатол, Хоруғ – Мурғоб, Хоруғ – Ишкошим низ боқӣ мемонад.

Дар ин иртибот Кумита аз аҳолӣ ва меҳмонони кишвар қатъиян хоҳиш кардааст, ки аз сафар намудан ба ин мавзеъҳо  муваққатан худдорӣ намуда, ҷони худ ва наздикони хешро ба хатар наандозанд. Ҳолати тармафароӣ боз 3-4 рӯзи дигар идома хоҳад кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.