Маркази маъмурии ВМКБ дар асорати барф монд

Дар натиҷаи лағзиши тарма дар роҳҳои мошингард ба самти Хоруғ, алоқаи автомобилӣ бо маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ қатъ шуд. Тавре навбатдори фаврии ситоди ҳолатҳои фавқулода дар вилоят хабар дод, то субҳи имрӯз роҳи мошингарди Душанбе – Хоруғ аз деҳаи Рузвайи ноҳияи Дарвоз (240 км аз Хоруғ) то ноҳияи Рӯшон ва […]

Шонаврӯз Афзалшоев, Asia-Plus

Дар натиҷаи лағзиши тарма дар роҳҳои мошингард ба самти Хоруғ, алоқаи автомобилӣ бо маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ қатъ шуд.

Тавре навбатдори фаврии ситоди ҳолатҳои фавқулода дар вилоят хабар дод, то субҳи имрӯз роҳи мошингарди Душанбе – Хоруғ аз деҳаи Рузвайи ноҳияи Дарвоз (240 км аз Хоруғ) то ноҳияи Рӯшон ва роҳи мошингарди Хоруғ – Мурғоб дар мавзеи деҳаи Барсем (15 км аз Хоруғ) зери тармаву барфрезиҳо қарор доранд.

Ба иттилои манбаъ, роҳи мошингарди Хоруғ – Ишкошим аз маҳаллаи Ниводак (ш.Хоруғ) то оғози қаламрави ноҳияи Ишкошим ва роҳи автомобилгарди Хоруғ – Роштқалъа низ бо тармаву барфрезиҳо пӯшида аст.

Тибқи маълумоти ситод, дар роҳи Хоруғ – Ишкошим сокини ноҳияи Ишкошим Давлатсултон Зулфиқорбекова ва хизматчии ҳарбии Қушӯнҳои сарҳадӣ Шоҳқосим Шодмонбеков зери тарма монда ҳалок шудаанд ва ҷасади мард то ҳол дарёфт нашудааст.

Директори идораи обуҳавошиносии Хоруғ Кишваршо Наврӯзшоев сабаби тармафароиҳои зиёдро боришоти беҳад зиёд дар рӯзҳои 28-29 январ ва нисбатан гармшавии обуҳаво унвон карда, зикр кард, ки танҳо рӯзи 28 январ муддати як шабонарӯз дар ВМКБ то баландии 55 см барф борид ва рӯзҳои наздик низ дар натиҷаи гармшавии ҳаво ҳодисаҳои тармафароиву барфрезиҳо аз эҳтимол дур нест.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.