Шиддати эътирозҳо дар ИМА зидди фармонҳои ахири Трамп

Дар ИМА даҳҳо ҳазор одам барои изҳори нигаронӣ дар робита ба фармони ахири президент Доналд Трамп, ки вуруди шаҳрвандони 7 кишвари мусулмоннишинро ба Амрико манъ мекунад, ба кӯчаву фурудгоҳҳо баромадаанд. Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, ин ҳамоишҳои эътирозӣ дар Ню-Йорк, Вашингтон ва Бостон замоне ташкил шуданд, ки марзбонони ИМА ба иҷрои дастурҳои […]

Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ

Дар ИМА даҳҳо ҳазор одам барои изҳори нигаронӣ дар робита ба фармони ахири президент Доналд Трамп, ки вуруди шаҳрвандони 7 кишвари мусулмоннишинро ба Амрико манъ мекунад, ба кӯчаву фурудгоҳҳо баромадаанд.

Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, ин ҳамоишҳои эътирозӣ дар Ню-Йорк, Вашингтон ва Бостон замоне ташкил шуданд, ки марзбонони ИМА ба иҷрои дастурҳои ахири президент Доналд Трамп пардохтанд. Мавҷи эътирозгарон то ба ғарби ИМА низ паҳн шудааст.

Гуфта мешавад, дар пайи имзои фармони Трамп, ки вуруди шаҳрвандони Сурия, Ироқ, Сомалӣ, Судон, Либия, Яман ва Эронро ба ИМА манъ мекунад, садҳо мусофир ҳангоми вуруд ба фурудгоҳҳои Иёлоти Муттаҳида боздошт ва ё ихроҷ шуданд.

Яке аз бузургтарин ҳамоишҳои эътирозӣ дар боғи Баттерии Манхэттени поён баргузор шуд, ки аз онҷо муҷассамаи Озодӣ ва бандари Ню-Йорк – рамзи қабули муҳоҷирон ба соҳилҳои ИМА намоён аст.

Шумори роҳпаймоие, ки аз назди бинои хадамоти гумрук ва марзбонии Манхэттени поён гузашт, ба беш аз 10 ҳазор нафар мерасидааст. Дар майдони Лафайетти Вашингтон, дар рӯбари Кохи сафед низ ҳазорҳо одам гирди ҳам ҷамъ омаданд, ки дар даст шиорҳои "На ҳаросе асту на биме, хуш омадед муҳоҷирон!"-ро доштанд.

Ин бори дувум аст, ки Вашингтон дар рӯзҳои ахири истироҳати ҳафта шоҳиди тазоҳурот мешавад. Рӯзи шанбеи гузашта садҳо ҳазор зан низ зидди Трамп даст ба тазоҳурот зада буданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.