Воридоти гази моеъ ба Тоҷикистон торафт бештар мешавад

Воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон коҳиш ёфта, ҳамзамон воридоти гази моеъ зиёд мешавад. Дар муқоиса бо соли 2015 соли 2016 ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ 11% кам шуда, дар ҳамин ҳол, ҳаҷми воридоти гази моеъ 3% афзудааст. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд, соли 2016 ба Тоҷикистон беш аз 472 ҳазор […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон коҳиш ёфта, ҳамзамон воридоти гази моеъ зиёд мешавад. Дар муқоиса бо соли 2015 соли 2016 ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ 11% кам шуда, дар ҳамин ҳол, ҳаҷми воридоти гази моеъ 3% афзудааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон хабар доданд, соли 2016 ба Тоҷикистон беш аз 472 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид шудааст, ки аз ин миқдор ҳудуди 45%-ашро – сӯзишвории дизелӣ, беш аз 40%-ашро – бензин, қариб 8%-ро – сӯзишвории реактивӣ, 3,3%-ашро – равғанҳои молиданӣ ва 3,5%-ро – дигар навъҳои сӯзишворӣ ташкил медиҳанд.

Ба Тоҷикистон маҳсулоти нафтӣ асосан аз Русия ворид мешавад, ки 88% аз ҳаҷми умумӣ ба ин кишвар рост омада, миқдори боқимондаи маҳсулоти нафтӣ аз Туркманистону Қазоқистон ва Беларусу Қирғизистон интиқол дода мешавад.

Соли гузашта ба Тоҷикистон 350 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудааст, ки нисбат ба соли 2015 ба миқдори қариб 10 ҳазор тонна зиёдтар мебошад. Беш аз 70%-и ин навъи сӯзишворӣ аз Қазоқистон ворид шуда, ҳамчунин ба миқдори начандон зиёд гази моеъ аз Русия, Туркманистон ва Қирғизистон низ оварда шудааст.  

Қобили зикр аст, ки тайи чор соли ахир ҳаҷми воридоти гази моеъ ба ҷумҳурӣ 3,3 маротиба – аз 82 ҳазор тонна дар соли 2012 то ба 350 ҳазор тонна дар соли 2016 афзуда, ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ дар ин давра тақрибан 30% кам шуд.

Давоми соли охир бошад, ҳиссаи воситаҳои нақлиёте, ки ба сифати сӯзишворӣ аз гази моеъ истифода мекунанд, аз 40% то ба 60% боло рафт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио