Бозгашти Порошенко аз Олмон бар асари печидагии вазъ дар кишвараш

Петр Порошенко, президенти Украина дар пайи печидатар шудани вазъ дар Авдеевка, шарқи кишвараш, сафари кории худро ба Олмон пеш аз вақт қатъ кард ва ба Киев баргашт. Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, Константин Елисеев, муовини раиси дастгоҳи президенти Украина гуфтааст, Порошенко дастур додааст, то ба ҷаласаи Гуруҳи сеҷонибаи ҳалли осоиштаи низои Донбасс […]

Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ

Петр Порошенко, президенти Украина дар пайи печидатар шудани вазъ дар Авдеевка, шарқи кишвараш, сафари кории худро ба Олмон пеш аз вақт қатъ кард ва ба Киев баргашт.

Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, Константин Елисеев, муовини раиси дастгоҳи президенти Украина гуфтааст, Порошенко дастур додааст, то ба ҷаласаи Гуруҳи сеҷонибаи ҳалли осоиштаи низои Донбасс омодагӣ дида шавад.

Гуфта мешавад, мулоқоти навбатии Гуруҳи сеҷонибаи тамос мебоят 1 феврали соли равон баргузор шавад. Вале ба гуфтаи Елисеев, ҷаласаи изтирории гуруҳ бояд пеш аз вақти таъйиншуда оғоз ёбад.

Бино ба хабарҳо, субҳи 29 январ ҷудоихоҳон бо мақсади ишғоли мавзеъҳои артиши Украина дар Авдеевка амалиётро оғоз карданд, ки дар натиҷаи ҳар ду ҷониб талафот дидаанд. Бархе аз манобеи наздик ба Маскав масъулияти оғози даргириҳоро бар дӯши ҳарбиёни Украина гузоштаанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио