Ошкор шудани 30 млн. доллар зиён дар сохторҳои давлатӣ

Аудиторони Палатаи ҳисоби Тоҷикистон соли гузашта дар ҷараёни 530 санҷишҳо дар вазорату идораҳо, ҳамчунин дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ба маблағи ҳудуди 224 млн. сомонӣ (наздики 30 млн. доллар) зиёни молиявӣ ошкор кардаанд. Муовини раиси Палатаи ҳисоб Зафар Азимӣ дар ин робита изҳор дошт, ки аз ҷумла ба маблағи беш аз 85,6 млн. сомонӣ ғайриқонунӣ хароҷот […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Аудиторони Палатаи ҳисоби Тоҷикистон соли гузашта дар ҷараёни 530 санҷишҳо дар вазорату идораҳо, ҳамчунин дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ба маблағи ҳудуди 224 млн. сомонӣ (наздики 30 млн. доллар) зиёни молиявӣ ошкор кардаанд.

Муовини раиси Палатаи ҳисоб Зафар Азимӣ дар ин робита изҳор дошт, ки аз ҷумла ба маблағи беш аз 85,6 млн. сомонӣ ғайриқонунӣ хароҷот кардани воситаҳои давлатӣ, зиёд нишон додани ҳаҷми корҳои таъмиру сохтмон (92 млн. сомонӣ), кам нишон додан ва рӯйпӯш сохтани маблағҳои пардохти андоз (37,2 млн. сомонӣ), талафи воситаҳои моливу пулӣ аз фаъолияти хоҷагидории нодуруст (4,9 млн. сомонӣ), камбуд (дуздӣ)-и воситаҳои моливу пулӣ (беш аз 1,6 млн. сомонӣ) ва ғайра ошкор карда шудаанд.

Зимни санҷишҳо дар Агентии хариди давлатии молу кор ва хизматрасониҳои назди ҳукумат, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумат ва Академияи илмҳои кишоварзии Вазорати кишоварзӣ маблағҳои нисбатан зиёди зарари молиявӣ ошкор карда шудаанд.

Ҳамчунин дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Кумитаи андози назди ҳукумат аудиторони Палатаи ҳисоб дар ҳаҷми наздики 30 млн. сомонӣ зиёнро ошкор карда, ҳудуди 83 маводи санҷишҳои аудиторӣ ҷиҳати чораҷӯйӣ ба ихтиёри мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дода шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.