Ҳалокати шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар садамаи нақлиёт дар Русия

Date:

Дар садамаи нақлиёт дар вилояти Саратови Русия панҷ нафар шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба ҳалокат расидаанд. Онҳо муҳоҷироне будаанд, ки барои роҳ надодан ба қонуншиканӣ дар бахши муҳоҷирати Русия ба Қазоқистон раҳсипор гардида будаанд.

Соати 5-и субҳи рӯзи душанбе дар наздикии деҳаи Тарумовкаи вилояти Саратов автомашинаи Kia Rio ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, бо автомашинаи Nissan Almera бармехӯрад, ки дар натиҷа ронандаҳои ҳарду автомашина ва чор тан аз мусофирони Nissan Almera ҳалок шудаанд.

Гуфта мешавад, автомашинаи Nissan Almera таҳти идораи сокини ноҳияи Петровкаи вилояти Саратов қарор дошта, дар автомашинаи Kia Rio панҷ нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, аз ҷумла ду нафар занон ҳузур доштаанд.

Тибқи маълумоти пешакӣ, шаҳрвандони хориҷӣ барои риоя кардани муҳлати ниҳоии будубош дар Русия, рӯзи якшанбе бо автомашинаи Kia ба Қазоқистон рафта, сипас бозпас марзи Қазоқистону Русияро убур кардаанд ва баъдан ҳангоми бозгашт ба Маскав ба садамаи нақлиёт дучор шудаанд.

Аз прокуратураи вилоят хабар додаанд, ки дар ин садама чор нафар шаҳрвандони Ӯзбекистон ва як нафар шаҳрванди Тоҷикистон, ҳамчунин ронандаи автомашинаи Nissan – сокини 62-солаи шаҳри Петровск ба ҳалокат расидаанд.

«Ронандаи Kia – шаҳрванди 30-солаи Ӯзбекистон, мусофирон: шаҳрванди 33-солаи Тоҷикистон, ду зани 42-солаи шаҳрванди Ӯзбекистон ва боз як шаҳрванди 40-солаи Ӯзбекистон… Пешакӣ маълум шудааст, ки онҳо аз соли 2014 дар қаламрави Русия ҳузур дошта, муваққатан дар Маскав ба қайд гирифта шудаанд, – хабар медиҳад РИА Новости.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи далели садамаи нақлиёт мақомоти пулис санҷиш гузаронида, ҷараёни он таҳти назорати прокуратураи вилоят қарор дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...