Пешбарии Рустами Эмомалӣ ба вакилии маҷлиси шаҳрӣ

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) раиси пойтахт Рустами Эмомалиро номзад ба вакилӣ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии шаҳрии №25 пешбарӣ намуд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз комиссияи интихоботии шаҳрӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар ин ҳавза номзад аз Ҳизби аграрӣ Фазлиддин Икромов ва аз Ҳизби демократ Ҳикматулло Саидиён рақибони […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) раиси пойтахт Рустами Эмомалиро номзад ба вакилӣ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии шаҳрии №25 пешбарӣ намуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз комиссияи интихоботии шаҳрӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар ин ҳавза номзад аз Ҳизби аграрӣ Фазлиддин Икромов ва аз Ҳизби демократ Ҳикматулло Саидиён рақибони Рустами Эмомалӣ мебошанд.

Ҳамчунин ҲХДТ муовини аввали раиси пойтахт Маҳмадсаид Зувайдзодаро аз ҳавзаи интихоботии №62 номзад ба вакилӣ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешбарӣ кардааст. Дар ин ҳавза ҳамчунин номзад аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон Маъсума Алиева низ сабтином шудааст.

Қаблан ин ҳавзаҳоро дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе собиқ раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ва собиқ роҳбари дастгоҳи мақомоти шаҳрдорӣ Фирӯз Ӯлмасов намояндагӣ мекарданд, ки бо хоҳиши худашон ваколатҳояшонро қатъ карданд.

Қобили зикр аст, ки баргузории маъракаҳои интихоботӣ дар ҳавзаҳои зикршуда ба санаи 2 апрел таъин шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.