Президент барои занон дар мансабҳои хизмати давлатӣ имтиёзҳо пешниҳод кард

Дар остонаи фарорасии ҷашни Рӯзи модар, ки ҳамасола дар Тоҷикистон санаи 8 март таҷлил мегардад, имрӯз дар «Кохи Борбад» Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо занону бонувони фаъоли кишвар мулоқоти судманду самимӣ доир кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суханронии табрикии худ ба ифтихори Рӯзи модар сарвари давлат қайд кард, ки ҳукумати кишвар […]

Asia-Plus

Дар остонаи фарорасии ҷашни Рӯзи модар, ки ҳамасола дар Тоҷикистон санаи 8 март таҷлил мегардад, имрӯз дар «Кохи Борбад» Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо занону бонувони фаъоли кишвар мулоқоти судманду самимӣ доир кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суханронии табрикии худ ба ифтихори Рӯзи модар сарвари давлат қайд кард, ки ҳукумати кишвар вазифадор шудааст, ки ҷиҳати муқаррар намудани квота ва имтиёзҳо дар зинаҳои гуногун барои занону духтарон чораҷӯӣ намоянд ва дар муассисаҳои низоми бонкӣ, хадамоти алоқа, шуғл ва дигар бахшҳои хизматрасонӣ ба кор ҷавондухтарону бонувони болаёқату соҳибкасб ҷалб карда шаванд.

Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки бо мақсади мусоидат ба рушди фаъолияти соҳибкории занон Қарори Ҳукумати мамлакат “Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2016-2020” қабул шуда, дар ин асос тайи се сол тавассути сохторҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ қариб ба 6000 нафар занон дар ҳаҷми 18 миллион сомонӣ ёрии молиявӣ пардохта шудааст.

Зимни суханронии сарвари давлат ҳамчунин қайд шуд, ки дар низоми хизмати давлатӣ аввали соли 2017 аз шумораи умумии беш аз 19 ҳазор нафар хизматчиёни давлатӣ қариб 4200 нафар ё 22 фоизро занон ташкил дода, ҳоло 70 фоизи кормандони соҳаи маориф ва 60 фоизи кормандони соҳаи тандурустиро низ занон ташкил медиҳанд.

Зикр гардид, ки тибқи таҳлилҳо айни замон шумораи занон дар мақомоти судии кишвар 235 нафар, Прокуратураи генералӣ – 46, Вазорати корҳои дохилӣ – қариб 1500, Вазорати мудофиа – 400, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия – 24, Агентии назорати маводи нашъаовар – 36, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода – 178 нафар, Хадамоти гумрук – 107 ва Гвардияи миллӣ – қариб 300 нафарро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи Пешвои миллат, шумораи соҳибкорон аз ҳисоби занон беш аз 138 ҳазор нафар буда, сарварии 20 ҳазору 500 хоҷагии деҳқониро занон ба уҳда доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио