Ҳалокати як мард аз таркиш назди прокуратураи ҳарбии Қӯрғонтеппа

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа як мард дар ҷойи кораш қурбони таркиш шуд. Таркиш дар паҳлӯи бинои прокуратураи ҳарбӣ ва суди ҳарбии гарнизони Хатлон соати 21:30 дақиқаи рӯзи якшанбе, 12 март рух додааст. Бино ба маълумоти ВКД Тоҷикистон, шаҳрванд Ҳасанбой Раҳмонови 67-сола, сокини ноҳияи Бохтар, посбони Литсеи тамоюли техникии ш.Қурғонтеппа дар натиҷаи таркиши лавозимоти таркандае, ки дар […]

Сайраҳмон Нарзиев, Asia-Plus

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа як мард дар ҷойи кораш қурбони таркиш шуд. Таркиш дар паҳлӯи бинои прокуратураи ҳарбӣ ва суди ҳарбии гарнизони Хатлон соати 21:30 дақиқаи рӯзи якшанбе, 12 март рух додааст.

Бино ба маълумоти ВКД Тоҷикистон, шаҳрванд Ҳасанбой Раҳмонови 67-сола, сокини ноҳияи Бохтар, посбони Литсеи тамоюли техникии ш.Қурғонтеппа дар натиҷаи таркиши лавозимоти таркандае, ки дар дасташ будааст, ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, барои муайян намудани навъи дастгоҳи таркишӣ, тарз ва ҳолатҳои баамалоии таркиш чораҷӯйӣ шуда, аз рӯи ин далел Прокуратураи вилояти Хатлон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудааст ва тафтишот идома дорад.

Қобили зикр аст, ки аз оғози сол ин дуюмини чунин ҳодиса дар Қӯрғонтеппа аст. Рӯзи 30 январ дар як деҳаи наздики маркази маъмурии вилояти Хатлон, бештар маъруф ба маҳаллаи Ломоносов низ субҳгоҳон дар автомашинаи «Хундай», мутаалиқ ба корманди ширкати мобилии «Билайн» таркиш рух дода, касе осеб надида буд, аммо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ то ҳол ин ҳодисаро шарҳ надодаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.