Вазир коҳиши боҷи гумрукӣ барои воридоти мошинҳои навро шарҳ дод

Date:

Палатаи поёнии парлумон имрӯз лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2017»-ро дастгирӣ намуд, ки ба коҳиши ҳаҷми боҷи гумрукӣ барои воридоти автоомашинаҳои нави истеҳсоли хориҷӣ дахл дорад.

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ба вакилон хабар дод, ки мувофиқи тағйироту иловаҳои пешниҳодшуда, аз оғози сол меъёри боҷи гумрукӣ барои воридоти автомашинаҳои нав ба ҷумҳурӣ ба андорзаи 50% кам мешавад.

Автомашинаҳое, ки на бештар аз як сол пеш истеҳсол шуда, масофаи тайкардаи онҳо аз 10 ҳазор километр зиёдтар нест, автомашинаҳои нав шуморида мешаванд.

Ба қавли вазир, ин қонун барои чаҳор навъҳои мошинҳо – сабукрав, борбар, мусофирбар ва махсус дахл дорад.

Соли гузашта ба Тоҷикистон 229 адад автомашинаҳои нав оварда шудааст, ки аз боҷи гумрукии ситонида аз онҳо ба буҷети давлатӣ ҳудуди 6 млн. сомонӣ маблағ ворид гардидааст.

Ҳикматуллозода ба вакилон итминон дод, ки коҳиши меъёрҳои боҷи гумрукӣ барои воридоти автомашинаҳои нав ба Тоҷикистон ба рушди зербинои сайёҳӣ, ҳифзи муҳити зист ва бехатарии ҳаракат дар роҳҳо мусоидат менамояд.

«Касоне, ки автомашинаҳои нави истеҳсоли хориҷиро аз оғози сол ба ҷумҳурӣ ворид кардаанду аз рӯйи меъёрҳои пештара боҷи гумрукиро пардохт кардаанд, баъди қабули тағйироту иловаҳои мазкур, метавонанд маблағи аз меъёр зиёд пардохтаи худро бозпас бигиранд», – қайд кард вазир.

Ёдрас мекунем, ки дар қонуни ахири соли гузашта тасдиқшуда «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2017» маблағи даромад аз боҷҳои гумрукӣ дар ҳаҷми 800 млн. 796 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин қобили зикр аст, ки масъалаи ба миқдори 50% кам кардани меъёри боҷи гумрукӣ барои воридоти автомашинаҳои нав ба кишвар дар паёми санаи 22 декабри соли 2016 ироашудаи президент ба парлумон ба миён гузошта шуда буд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...