БМТ рӯйхати афроди гумонбар ба терроризмро нашр кард

Date:

Бонки миллии  Тоҷикистон (БМТ) рӯйхати шахсони воқеии аз ҷониби ҳукумати кишвар алоқаманд бо терроризм, рӯйхати созмонҳои аз ҷониби Суди олии ҷумҳурӣ террористӣ ва ифротгаро эхтирофшуда ва рӯйхати тоҷикистониёни аз тарафи Интерпол мавриди ҷустуҷӯ қарордоштаро ба нашр расонид.

Бино ба иттилои сомонаи Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ, БМТ бо нашри номи беш аз 200 нафари таҳти пайгард ва 15 созмон, ки аз тарафи Додгоҳи олии кишвар "террористӣ" ва "экстремистӣ" эълон шудаанд, хостааст, то сокинон ва созмонҳои молии кишварҳои ҷаҳон ҳамагуна ҳамкории молии худро бо онҳо қатъ кунанд.

Гуфта мешавад, Ҳизби наҳзати исломӣ, “Гурӯҳи 24”, “Тоҷикистони озод”, “Ихвон-ул-муслимин”, “Толибон”, "Давлати исломӣ", "Ал-Қоида", "Ҷамоати Ансоруллоҳ", "Ҳаракати исломии Ӯзбекистон" ва шахсоне, ки ба интиқоли маводи мухаддир, силоҳу қочоқӣ инсон айбдоранд, шомили ин рӯйхати "сиёҳ"-и Бонки миллии кишвар шудаанд.

Як мақоми Бонки миллӣ гуфтааст, ҳадаф аз нашри феҳрист ҳабси дороиҳои шаҳрвандон ва созмонҳоест, ки дар пулшӯӣ даст доранд ва рӯйхати мазкур бар асоси талаботи Financial Action Task Force – ниҳоди байналмилалии мубориза бо шустушӯи пул таҳия шудааст.

“Кишварҳое, ки бо мо ҳамкории пуливу молӣ доранд, бояд ҳисобҳои Ҳизби наҳзат, “Гурӯҳи 24”, “Тоҷикистони Озод”-ро бар асоси ин руйхат бибанданд. Душанбе низ дар навбати худ интиқоли пул аз афродеро, ки бо терроризм пайванд доранд ва узви созмонҳое мисли ДИ ҳастанд, ҷилавгирӣ мекунад", – қайд кардааст ӯ.

Зикр мегардад, ки моҳи январи соли равон Бонки миллии Тоҷикистон беш аз ҳафт ҳазор рӯйхати амалиёти шубҳанокро барои тафтиш ба Додситонии кулли кишвар ирсол кард.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...