Барои имтиҳонсупорӣ акнун аз довталабон изи ангушт мегиранд

Маркази миллии тестӣ – масъули баргузории имтиҳонҳои қабул ба донишгоҳҳои Тоҷикистон – барои нахустин бор гирифтани изи ангушти довталабонро ҷорӣ кардааст. Ситорабону Назарова, сухангӯи Маркази миллии тестӣ бо тасдиқи ин хабар ба ба Радиои Озодӣ гуфтааст "дар вақти сабтиноми довталабон изи ангушти онҳо гирифта мешавад, то ба ҷояшон каси дигар ворид нашавад. Танҳо дар сурати […]

Радиои Озодӣ

Маркази миллии тестӣ – масъули баргузории имтиҳонҳои қабул ба донишгоҳҳои Тоҷикистон – барои нахустин бор гирифтани изи ангушти довталабонро ҷорӣ кардааст.

Ситорабону Назарова, сухангӯи Маркази миллии тестӣ бо тасдиқи ин хабар ба ба Радиои Озодӣ гуфтааст "дар вақти сабтиноми довталабон изи ангушти онҳо гирифта мешавад, то ба ҷояшон каси дигар ворид нашавад. Танҳо дар сурати мувофиқ омадани изи ангушти довталаб ба ӯ ҳаққи ворид шудан ба имтиҳонҳо дода хоҳад шуд."

Ин масъули Маркази миллии тестӣ изҳор намудааст, ки дар гузашта таҷриба нишон додааст, ки баъзе довталабон ба ҷойи худ бародару хоҳарашонро ба имтиҳонҳо фиристодаанд, то холи зиёдтар бигиранд.

«Он вақт низ аз чунин талошҳо пешгирӣ шуда буд, аммо каме бо мушкилӣ. Акнун бо гирифтани изи ангушт ин кор ҷиддӣ ва осонтар шудааст. Дигар довталабон наметавонанд, касеро фиреб кунанд, чун ҳамааш мисли оина рӯшан аст», – иброз доштааст ӯ.

Гуфта мешавад, бо манзури гирифтани изи ангушти довталабон Маркази милли тестӣ аз хориҷ дастгоҳҳо (сканерҳо)-ро ворид кардааст. Ин дастгоҳҳо дар тамоми 33 нуқтаи сабтиноми доимоамалкунанда ва 21 нуқтаи сайёр насб шудаанд. "Сабтиноми довталабон аз 1 марти соли равон шуруъ шуда, даври аввали он то 15 апрел идома мекунад", – гуфт Ситорабону Назарова.

Зимнан зикр мегардад, ки имсол маблағи сабтиноми довталабон 20 сомонӣ афзоиш ёфта, ба 220 сомонӣ баробар шудааст. Довталабоне, ки яке аз волидонашон вафот кардааст, 50 дарсади ин пулро пардохт хоҳанд кард. Ятимони кулл аз пардохти маблағ пурра озод шудаанд.

Маркази миллии тестӣ соли 2013 дар Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард ва ҳадаф аз таъсиси ин марказ роҳандозии низоми муосири қабули довталабон ба донишгоҳҳо ба таври шаффофу одилона баҳогузорӣ шудани дониши довталабону аз байн бурдани ришваву фасод гуфта мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио