Кормандони Кумитаи андоз дари даҳ расонаи хабарӣ ва бунгоҳҳои иттилоотии нашрияҳои пойтахт дар шаҳри Хуҷандро мӯҳр задаанд. Ин амали худро онҳо чунин маънидод кардаанд, ки ин расонаҳо гӯё андози даромад аз музди меҳнати кормандонашонро пардохт намекардаанд.
Ба гуфтаи хабарнигори ғайриштатии «Азия-Плюс» дар вилояти Суғд, намояндаи Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ, НАНСМИТ) дар Хуҷанд Мавлуда Рофиева, кормандони мақомоти надоз изҳор доштаанд, ки хабарнигорони нашрияҳои ҷумҳуриявӣ дар Хуҷанд бояд андозро на дар пойтахт, балки дар макони зисташон пардохт кунанд. Дарҳои ин расонаҳо айни замон бастаанд.
Роҳбари АМВАОМТ Нуриддин Қаршибоев изҳор намудааст, ки дар мавриди ин масъала изҳороти махсус омода мекунад.
Бино ба маълумоти Вазорати фарҳанги ҶТ, айни замон дар ҷумҳурӣ 312 матбаа, 376 газета, 319 маҷалла, 10 агентии иттилоотӣ ва 71 нашрия расман ба қайд гирифта шудааст, ки аксари онҳо хусусӣ мебошанд.
Қобили зикр аст, ки имсол Тоҷикистон дар рейтинги байнулмилалии озодии матбуот 34 зина поин рафта, мақоми 150-умро ишғол кард.


