Ба «Народная газета» сармуҳаррири нав таъин шуд

Date:

Бо қарори ҳукумат Маҳбуба Камолова срмуҳаррири нашрияи «Народная газета»-и ҳукумат таъин шуд. Аз нимаи дуюми соли гузашта ин мансаб холӣ буда, сармуҳарири пешинаи он Сироҷиддин Иззатуллоев буд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо қарорҳои дигари ҳукумат Мадамон Замонзода сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншооти гидротехникӣ дар назди Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ таъин шуда, Ҳикмат Муминов бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Директори Институти физикаю техникаи ба номи С. Умарови Академияи илмҳои Тоҷикистон озод карда шуд.

Шумораи нахустини газетаи «Советский Таджикистан» бахшида ба ҷашни Иниқилоби Октябр 7 ноябри соли 1925 ба нашр расида, лекин мутаассифона, то имрӯз ягон шумораи он боқӣ намондааст.

Соли 1930 газетаи «Советский Таджикистан» ба «Коммунист Таджикистана» табдили ном карда, солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, замоне, ки аксари рӯзноманигорон ва кормандони идораи рӯзнома ба ҷабҳаи ҷанг рафта буданд, бинобар сабаби камбуди коғаз, он ҳамроҳ бо рӯзномаи «Комсомолец Таджикистана» чоп мешуд.

Замони ба соҳибистиқлолӣ расидани ҷумҳурӣ, 9 сентябри соли 1991 рӯзнома «Народная газета» ном гирифта, танҳо бо забони русӣ нашр мешавад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...