Фармондеҳи НАТО хостори интиқоли силоҳ ба Украина шуд

Фармондеҳи нерӯҳои НАТО ва фармондеҳии ИМА дар Аврупо генерал Кертис Скапарротти хостори интиқоли силоҳ ба Украина шуд, то ба ин кишвар дар мубориза бо ҷудоихоҳони мавриди ҳимояти Русия кумак шавад. "Ба назари шахсии ман, имконияти интиқоли аслиҳаи дифоии марговар ба Украина бояд ба баррасӣ гирифта шавад", – изҳор дошт Скапарротти дар ҷаласаи Кумитаи Палатаи намояндагони […]

Лоиҳаи хабарии Осиёи Марказӣ

Фармондеҳи нерӯҳои НАТО ва фармондеҳии ИМА дар Аврупо генерал Кертис Скапарротти хостори интиқоли силоҳ ба Украина шуд, то ба ин кишвар дар мубориза бо ҷудоихоҳони мавриди ҳимояти Русия кумак шавад.

"Ба назари шахсии ман, имконияти интиқоли аслиҳаи дифоии марговар ба Украина бояд ба баррасӣ гирифта шавад", – изҳор дошт Скапарротти дар ҷаласаи Кумитаи Палатаи намояндагони Конгресси ИМА дар умури қувваҳои мусалаҳ дар Вашингтон.

Маъмурияти президенти пешини ИМА Барак Обама ба Украина ҷавшан, дастгоҳҳои дид дар шаб ва таҷҳизоти дигар интиқол дода буд. Вале намояндагони маъмурият ба даъвати Конгресс, ки хост ба Украина силоҳҳои монанди мушаки зиддитонкии "Ҷавелин" дода шавад, муқобил баромаданд. Онҳо гуфтанд, ин тасмим вазъро печидатар хоҳад кард.

Скапарротти гуфт, кишварҳои ҳамҷавори Русия бо шумули Украина ва Гурҷистон зидди амалҳои бадхоҳонаи Москва, аз ҷумла иқдомҳои низомии он мубориза мебаранд. Ба гуфтаи генерали амрикоӣ, ҳоло Русия аз як шарик ба мухолиф табдил ёфтааст, чун талош дорад дубора абарқудрати ҷаҳонӣ шавад.

Узви Кумитаи Палатаи намояндагони Конгресс дар умури қувваҳои мусаллаҳ Мак Торнберри ҳангоми суханрониаш дар ҷаласаи мазкур гуфт, яке аз ҳадафҳои Русия тақсим ва заиф гардонидани НАТО – комёбтарин эътилофи низомӣ дар таърих аст".

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.