Ба деҳаҳои дурдасти водии Бартанг бо чархбол кумак расид

Бо чархболи Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба деҳаҳои дурдасти водии Бартанги ВМКБ маҳсулоти ғизойӣ фиристода шуд. Алоқаи автомобилӣ бо ин минтақаи Помир аз охири моҳи январ бар асари фаромадани тарма ва санргезиҳо қатъ аст. Бо чархбол ба ин водӣ ҳудуди 2 тонна маҳсулот, аз ҷумла макарону равған, чой, намак ва шакар, ҳамчунин ба кормандони муассисаи истифодабарии […]

Шонаврӯз Афзалшоев, Asia-Plus

Бо чархболи Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ ба деҳаҳои дурдасти водии Бартанги ВМКБ маҳсулоти ғизойӣ фиристода шуд. Алоқаи автомобилӣ бо ин минтақаи Помир аз охири моҳи январ бар асари фаромадани тарма ва санргезиҳо қатъ аст.

Бо чархбол ба ин водӣ ҳудуди 2 тонна маҳсулот, аз ҷумла макарону равған, чой, намак ва шакар, ҳамчунин ба кормандони муассисаи истифодабарии роҳҳо барои тозакунии роҳ 200 литр сӯзишвории дизелӣ оварда шуда, маҳсулоти ғизойӣ ба ҷамоатҳои дурдасти Савноб, Рошорв ва Басид расонида шуд.

Раиси вилоят Шодихон Ҷамшед ва раиси ноҳияи Рӯшон низ ба водии Бартанг омада, бо вазъ дар маҳалҳо аз наздик шинос шуданд.

Дар ҷамоати Савноб ва Гудара баъди тақсимоти маҳсулоти хӯрокворӣ раиси вилоят бо сокинони ҷамоатҳо мулоқот карда, дар ҷараёни он аҳолии маҳаллӣ аз мушкилоти худ ба раис ибрози назар карданд.

Раиси ВМКБ Шодихон Ҷашед ба сокинони маҳаллӣ ваъда дод, ки имсол ҳукумат дар ҳамдастӣ бо шарикони байнулмилалӣ як қатор лоиҳаҳоеро амалӣ карданист, ки ба беҳбуди сатҳи некӯаҳволии сокинони водии Бартанг мусоидат хоҳад кард.

Баъди вохӯрӣ чархбол бо 6 нафар беморон ба самти Рошорв раҳсипор гардида, маҳз ба ҳамин ҷо 200 литр сӯзишвории дизелӣ ва маводи тарканда (аммонал) барои корҳои таркиш дар ҷойи ба роҳ афтодани шах оварда шуд.

Дар ин ҷо низ раиси вилоят зимни вохӯрӣ бо аҳолии маҳаллӣ зикр кард, ки айни замон лоиҳаи идомаи корҳо дар канали Рошорв бо мақсади азхудкунии заминҳои нав мавриди баррасӣ қарор дорад. Аз Рошорв низ 6 нафар беморон ба чархбол гирифта шуданд.

Баъди ин чархбол ба деҳаи Басид раҳсипор шуда, аз ин ҷо ҳам нафарони бемор ба чархбол гирифта шуданд. Қисмате аз беморон ба бемористони ноҳияи Рӯшон мунтақил гардида, занони ҳомиладори ваъи солимиашон ташвишовар ба бемористони вилоятӣ ба Хоруғ оварда шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.