Рустами Эмомалӣ вакили Маҷлиси пойтахт интихоб шуд

Раиси пойтахти Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе интихоб шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» раиси комиссияи интихоботии пойтахт Абдулло Холиқов хабар дод, аз рӯи натиҷаҳои интихобот дар ҳавзаи интихоботии рақами 25-и шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ 84,81%-и раъйи интихобкунандагонро ба даст овардааст. Ҳарифони Рустами Эмомалӣ – номзад ба вакилӣ аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон Фазлиддин […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Раиси пойтахти Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе интихоб шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» раиси комиссияи интихоботии пойтахт Абдулло Холиқов хабар дод, аз рӯи натиҷаҳои интихобот дар ҳавзаи интихоботии рақами 25-и шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ 84,81%-и раъйи интихобкунандагонро ба даст овардааст.

Ҳарифони Рустами Эмомалӣ – номзад ба вакилӣ аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон Фазлиддин Икромов ва аз Ҳизби демократии Тоҷикистон Ҳикматулло Саидиён мутаносибан 7,81% ва 2,65%-и овози интихобкунадагонро касб кардаанд.

Ҳамчунин аз рӯи натиҷаҳои овоздиҳӣ дар ҳавзаи интихоботии №62 номзад аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Маҳмадсаид Зубайдзода раъйи бештар ба даст оварда, ба номзадҳо аз Ҳизби аграрӣ Манзума Абдуллоева 11,65% ва аз Ҳизби коммунист Васил Файзуллобеков 8,78%-и интихобкунандагон раъй додаанд.

Қаблан ҳавзаҳои зикршударо дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе собиқ раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ва собиқ роҳбари дастгоҳи шаҳрдории пойтахт Фирӯз Ӯлмасов намояндагӣ мекарданд, ки бо хоҳиши худашон ваколатҳояшонро қатъ карда буданд.

Баъди ин аввали моҳи феврал Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон номзадии Рустами Эмомалиро ба вакилӣ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешбарӣ карда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.