Telia доир ба қатъи муомилоти фурӯши саҳмияҳои Tcell хабар медиҳад

Ширкати телекоммуникатсионии Telia-и Шветсия дар бораи қатъи муомилот оид ба фурӯши бастаҳои назоратии саҳмияҳои оператори мобилӣ Tcell ба Фонди Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) хабар медиҳад. Бино ба маълумоти сомонаи расмии Telia, қарордоди соли гузашта ҳосилшуда дар бораи фурӯши 60%-и ҳиссаи Telia дар ҶСП «Индиго Тоҷикистон» (Tcell) ба AKFED ҳукми қонунии худро аз даст […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ширкати телекоммуникатсионии Telia-и Шветсия дар бораи қатъи муомилот оид ба фурӯши бастаҳои назоратии саҳмияҳои оператори мобилӣ Tcell ба Фонди Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) хабар медиҳад.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Telia, қарордоди соли гузашта ҳосилшуда дар бораи фурӯши 60%-и ҳиссаи Telia дар ҶСП «Индиго Тоҷикистон» (Tcell) ба AKFED ҳукми қонунии худро аз даст додааст.

Қайд мешавад, ки давоми муҳлати шашмоҳаи амали қарордод Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон ин муомилотро маъқул нашуморидааст.

«Айни замон мо роҳу воситаҳои алтернативии ҳаллу фасли масъаларо ҷустуҷӯ дорем», – таъкид доштааст роҳбари минтақаи Авруосиёи Telia Эмил Нилссон.

Дар маълумот зикр мегардад, ки Telia аз нақшаҳои тарки минтақаи Авруосиё ва дар доираи стратегияи ширкат роҳандозӣ намудани фаъолият дар минтақаҳои Скандинавия ва Балтика даст накашидааст.

Қобили зикр аст, ки ҳанӯз 14 октябри соли гузашта Telia бо дархости марбута ва ирсоли тамоми бастаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба Хадамоти зиддинҳисорӣ муроҷиат намуд. Аз рӯи қонунгузорӣ мақомоти зиддиинҳисорӣ барои баррасии ҳуҷҷатҳо то 30 рӯзи тақвимӣ ҳуқуқ дорад ва агар ягон масъалаи иловагӣ пайдо шавад, хадамот ҳуқуқ дорад, ки ин муҳлатро боз 15 рӯз зиёд кунад, вале на бештар аз он.

Ширкат то ҳол аз Хадамоти зиддинҳисорӣ ҳеҷ посухе нагирифтааст, ҳарчанд муҳлати баррасии дархост тибқи қонунгузорӣ ҳанӯз 29 ноябри соли гузашта ба охир расида буд.

Дар робита ба ин масъала аз ҷониби худи Хадамоти зиддинҳисорӣ низ ба журналистон ҳеҷ гуна маълумоте дода намешавад. «Оид ба ин масъала ба шумо чизе гуфта наметавонем», – чунин посух доданд ба муроҷиати хабарнигори «Азия-Плюс» аз Хадамоти мазкур.

Тибқи баъзе маълумоти тасдиқнашуда, ҳукумати Тоҷикистон бинобар сабаби эътирозҳо ба оператори мобилии Tcell аз пардохти андоз, ки дар худи ширкат онро ғайриқонунӣ мешуморанд, аз маъқул шуморидани ин муомилот худдорӣ мекунад.

Ширкати мобилии “Telia Sonera”-и Шветсия — молики ширкати мобилии Тсел дар Тоҷикистон дар моҳи январи соли ҷорӣ бо нашри як изҳорот гуфт, мақомоти андози Тоҷикистон ин ширкатро 155 миллион сомонӣ, муодили 20 миллион доллар ҷарима бастаанд. Ин ширкат дар изҳороти расмиаш дар сомонаи хеш, ки санаи 17 январ нашр шуд, гуфта буд, мақомоти андози Тоҷикистон дар пайи як санҷиш, ки давраи аз моҳи майи соли 2015 то июни соли 2016-ро дар бар мегирифт, ширкати Тсел-ро ба пардохт накардани андоз муттаҳам кардаанд.

Тибқи изҳороти “Telia Sonera”, мақомоти андози Тоҷикистон ин ширкатро ҳоло муваззаф кардаанд, ки 155 миллион сомонӣ қарзу ҷаримаҳоро пардохт кунад.

Оператори мобилии Tcell беш аз сеяки бозори алоқаи мобилӣ ё худ 31%-и бозори муштариёни фаъоли алоқаи мобилии Тоҷикистонро фаро мегирад. Арзиши умумии оператор 66 млн. доллар баҳогузорӣ мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст