Манъи парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои русиягӣ ба Тоҷикистон

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба ҷониби Русия огоҳинома фиристодааст, ки дар он гуфта мешавад, агар Вазорати нақлиёти ин кишвар маҳдудиятҳои парвоз нисбати ширкати «Сомон Эйр»-ро бекор накунад, парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои «Уралские авиалинии» ва «UTair»-ро аз Маскав ба Душанбе аз 6 апрел манъ мекунад. «Мо ба ҷониби Русия се рӯз муҳлат додем ва агар онҳо ба парвозҳои […]

Asia-Plus

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба ҷониби Русия огоҳинома фиристодааст, ки дар он гуфта мешавад, агар Вазорати нақлиёти ин кишвар маҳдудиятҳои парвоз нисбати ширкати «Сомон Эйр»-ро бекор накунад, парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои «Уралские авиалинии» ва «UTair»-ро аз Маскав ба Душанбе аз 6 апрел манъ мекунад.

«Мо ба ҷониби Русия се рӯз муҳлат додем ва агар онҳо ба парвозҳои ҳавопаймоҳои ширкати «Сомон Эйр» тариқи хатсайрҳои Душанбе – Маскав ва Хуҷанд – Маскав маҳдудиятҳоро бекор накунанд, аз 6 апрел мо парвози ҳавопаймоҳои ин ширкатҳо ба Тоҷикистонро манъ мекунем», – гуфт як манбаъ аз Вазорати нақлиёти ҶТ.

Дар Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ изҳор намуданд, ки ба сифати посух 4 парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Уралские авиалинии» ба Душанбе ва 3 парвози ширкати «ЮТэйр» ба Хуҷандро манъ мекунанд ва айни замон аз ҷониби Русия посухро интизоранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст