Иштироки беш аз 1 ҳазор нафар тоҷикистониён дар диктанти забони русӣ

Сокинони Тоҷикистон дар иқдоми маърифатии «Диктанти фарогир-2017» иштирок карданд. Барои санҷиши забони русии худ беш аз 1 ҳазор нафар тоҷикистониён ба чорабинӣ ҳозир шуданд. Рӯзи 8 апрел дар Тоҷикистон иқдоми бузургмиқёси байнулмилалии маърифатии ҳамасола оид ба таҳкими саводнокии «Диктанти фарогир-2017» баргузор шуд, ки бори 14-ум доир гардид. Имсол ин диктантро дар як вақт дар 800 […]

Asia-Plus

Сокинони Тоҷикистон дар иқдоми маърифатии «Диктанти фарогир-2017» иштирок карданд. Барои санҷиши забони русии худ беш аз 1 ҳазор нафар тоҷикистониён ба чорабинӣ ҳозир шуданд.

Рӯзи 8 апрел дар Тоҷикистон иқдоми бузургмиқёси байнулмилалии маърифатии ҳамасола оид ба таҳкими саводнокии «Диктанти фарогир-2017» баргузор шуд, ки бори 14-ум доир гардид. Имсол ин диктантро дар як вақт дар 800 шаҳри 68 кишвари дунё навиштанд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон, диктанти фарогир дар Тоҷикистон дар панҷ муассиса – Маркази илму фарҳанги Русия, Донишгоҳи миллӣ ва Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон ва Донишгоҳҳои давлатии Хуҷанд ва Хоруғ сурат гирифтааст.

Дар Маркази илму фарҳанги Русия дар Душанбе беш аз 200 нафар афроди касбу кори гуногун барои навиштани диктант ҳозир шуда, бархе эътироф намуданд, ки бори охир 30 сол пеш диктант навиштаанд.

 

Шахоне, ки диктант менависанд, метавонанд сертификати нишондиҳандаи сатҳи саводнокии худ аз забони русиро гирифта, афроди ба натиҷаи аъло ноилгардида рӯзи 6 июн дар маросими тантанавии «Рӯзи забони русии Пушкин дар Тоҷикистон» бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.