Ташрифи намояндагони беш аз 35 ширкати Қазоқистон ба Душанбе

Date:

Дар чаҳорчӯби вохӯрии доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Қазоқистон, ки санаи 20 апрел пешбинӣ шудааст, намояндагони беш аз 35 ширкатҳои Қазоқистон ба Душанбе ташриф меоранд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар доданд, дар рӯйхати ширкатҳои Қазоқистон корхонаҳои бахши мошинсозӣ, металлургия, сохтмон, дорусозӣ, саноати хӯрокворӣ ва кимиё зикр ёфтаанд.

Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ роҳандозии робитаҳо миёни соҳибкорони ҳарду кишвар, таъсиси корхонаҳои муштарак ва пешбурди роҳёбии маҳсулоти ширкатҳои Қазоқистон дар бозори Тоҷикистон унвон мешавад.

«Тоҷикистон Қазоқистонро ба сифати яке аз шарикони калидии стратегии тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар паҳнои пасошӯравӣ медонад», – гуфт манбаъ.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли гузашта ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Қазоқистон 676 млн. долларро ташкил дода, баъди Русия ва Чин ин кишвар дар ҳаҷми муомилоти мол бо Тоҷикистон зинаи сеюмро ишғол мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...