Аз таркишҳо назди автобуси дастаи футболи «Боруссия»-и Дортмунд (Олмон) корманди пулис, ки бо мотосикл аз паҳлӯи автобус футболбозонро раҳнамоӣ мекард, осеб дид.
Хабаргузории «Медуза» менависад, рӯзи 11 апрел, соати 20:15 дақиқа ба вақти Маскав, замоне, ки ҳайати дастаи «Боруссия» аз меҳмонхона ба варзишгоҳ мерафт, назди автобус се таркиш ба вуқуъ пайваста, бар асари он муҳофизатгари испанияии ин даста Марк Бартра аз дасташ захмӣ ва ба бемористон мунтақил шудааст.
Зимни нишасти хабарӣ намояндагони мақомоти пулис ин ҳодисаро «ҳамлаи ҳадафнок» ба даста номидаанд, парванда бо далели суиқасд ба куштор тафтиш мешавад. Дар ҳамин ҳол таъкид мешавад, ки хадамоти махсус ба арзёбии ин ҳамла ҳамчун амали террористӣ алҳол асос надоранд.
Дар бораи бо кадом мақсад содир шудани ин амал маълумот дода намешавад. Дар ҳамин ҳол дар наздикии ҷойи таркиш навиштаҷотеро пайдо намудаанд, ки эҳтимол дар он доир ба масъулияти ба дӯш гирифтани ҳамла хабар дода мешавад, вале мақомоти пулис ҳоло аслӣ будани ин навиштаҷотро тасдиқ карда наметавонад.
ИЗОБРАЖЕНИЕ Марк Бартра
Гуфта мешавад, бозии миёни дастаҳои «Боруссия» ва «Монако» (Фаронса) дар даври чаҳорякфиналии Лигаи чемпионҳои Аврупо ба имрӯз, 12 апрел мавқуф гузошта шуд.


