БАОР: болоравии нархҳо дар Тоҷикистон ба афзоиши пул дар гардиш марбут аст

Таҳлилгарони Бонки авруосиёии рушд (БАОР) афзоиши пул дар муомилотро яке аз омилҳои суръат гирифтани раванди таваррум дар Тоҷикистон медонанд. Дар гузориши моҳонаи макроиқтисодии БАОР дар ин робита гуфта мешавад, афзоиши пули нақд яке аз сабабҳои босуръат болоравии таваррум дар Тоҷикистон буда, моҳи январи соли 2017 ҳаҷми болоравии афзоиши пули нақд 62%-ро ташкил дод. Гуфта мешавад, […]

Наим Халимов

Таҳлилгарони Бонки авруосиёии рушд (БАОР) афзоиши пул дар муомилотро яке аз омилҳои суръат гирифтани раванди таваррум дар Тоҷикистон медонанд.

Дар гузориши моҳонаи макроиқтисодии БАОР дар ин робита гуфта мешавад, афзоиши пули нақд яке аз сабабҳои босуръат болоравии таваррум дар Тоҷикистон буда, моҳи январи соли 2017 ҳаҷми болоравии афзоиши пули нақд 62%-ро ташкил дод.

Гуфта мешавад, ин омил ҳамчунин дар тақвияти фишор ба қурби мубодилавӣ саҳм дошта, аввали моҳи март қурби мубодилаи сомонӣ нисбати доллари ИМА марзи 7,9-ро гузашт, ки тайи 13 моҳи ахир дар ин сатҳ нигаҳдорӣ мешуд ва охири моҳ ба 8,2 нишондиҳанда баробар шуд.

Коршиносони БАОР зикр мекунанд, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар мавриди фишор болои қурби мубодила ва суръат гирифтани раванди таваррум бо шадид кардани шароитҳои монетарӣ: боло бурдани меъёрӣ бозтамвил аз 12,5 то 16,0 фоиз ва афзоиши меъёри захираҳои ҳатмӣ тадбирҳо андешид.

Тибқи пешгӯии БАОР, соли 2017 сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 5,9 фоиз ва қурби миёнаи солонаи пули миллӣ нисбати доллари ИМА 7,9 сомониро ташкил медиҳад.

Ҳукумати Тоҷикистон мизони таваррум то охири солро дар сатҳи 7 фоиз нигоҳ доштанист. Қурби мубодилаи пули миллӣ нисбати доллар дар Буҷети давлатии соли 2017 дар сатҳи 9,16 сомонӣ зикр шудааст

Қобили зикр аст, ки семоҳаи авввали соли ҷорӣ сатҳи таваррум 3,2 фоизро ташкил дода, қуоби имрӯз аз ҷониби Бонки миллӣ муқарраршудаи сомонӣ нисбати доллар 8,49 сомониро ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.