ВКД далели худкушӣ назди бинои шаҳрдории Душанберо рад мекунад

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон далели марги як нафарро назди бинои мақомоти шаҳрдории Душанбе рад мекунад. «Чунин ҳодиса дар ВКД ба қайд гирифта нашудааст, – гуфт баъди се рӯзи ҳодиса сухангӯи вазорат Умарҷони Эмомалӣ. – Маълум нест, ки ин далелро аз куҷо пайдо карда бошанд». Марди наздики 40-сола соати 16:30-и рӯзи 11 апрел гулӯи худро бурида, […]

Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон далели марги як нафарро назди бинои мақомоти шаҳрдории Душанбе рад мекунад.

«Чунин ҳодиса дар ВКД ба қайд гирифта нашудааст, – гуфт баъди се рӯзи ҳодиса сухангӯи вазорат Умарҷони Эмомалӣ. – Маълум нест, ки ин далелро аз куҷо пайдо карда бошанд».

Марди наздики 40-сола соати 16:30-и рӯзи 11 апрел гулӯи худро бурида, худкушӣ кард. Дар ин бора корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд.

Тибқи баъзе маълумот, ӯ тариқи таксиҳои сесомонигӣ барои пешбурди рӯзгораш пул кор мекардааст, вале баъди манъи кори онҳо, маҷбуран корашро аз даст додааст.

Дар ҳамин маълумот гуфта мешавад, ҳамон рӯз ӯ ба мақомоти шаҳрдорӣ омадаааст, то ки бо ягон нафаре аз раҳбарияти шаҳрдорӣ вохӯрад, вале ба гапи мард гӯш надода, гӯё ӯро рондаанд.

Қобили зикр аст, ки ҳамон рӯз хабарнигори «Азия-Плюс» пас аз як соат (баъди бо телефон дар бораи ҳодиса ба мо хабар додани сокинони шаҳр) ба ҷойи ҳодиса рафта, вале ба ҷуз як гурӯҳи одамон дигар чизеро надид. Шоҳидон дар бораи ҳодиса чизе равшану фаҳмо гуфта натавонистанд. Лекин ба ҳар ҳол доир ба рух додани ҳодиса дар ин ҷо амали кормандони милитсия гувоҳӣ медоданд, ки ҳамаи роҳгузаронро пароканда мекарданд.

Чанде дуртар аз ҷойи ҳодиса автомашинаи обкашӣ (водовоз) қарор дошт, ки шояд бо ёрии он хунро тоза кардаанд. Сокинони аввалини ба мо хабардода зикр карда буданд, ки хун дар ин ҷо зиёд буд.

 

Ёдрас мекунем, ки охири соли гузашта дар бораи аз 20 марти соли 2017 манъ кардани истифодаи воситаи нақлиёти бароришаш то соли 2008 манъ ва тадриҷан ивази маршруткаҳо ба автобусу троллейбусҳо қарор қабул карда шуд, ки ба таксиҳои сесомонӣ низ дахл дошт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио