Кумаки соҳибкорони ӯзбек ба хона-интернати Душанбе

Кормандони мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятими шаҳри Душанбе ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки соҳибкорони ӯзбек ба тарбиятгирандагони муассиса шириниҳои аз кишварашон овардаро тақдим кардаанд. Корманди сафорати Ӯзбекистон дар Душанбе Фарҳод Раҳмонбердиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ду корманди ширкати қаннодии SLADUS PRODUCE-и шаҳри Тошканд Қаҳрамон Маннапов ва Камолиддин Зокиров бо ташаббуси худ […]

Акмал Маннонов, Asia-Plus

Кормандони мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятими шаҳри Душанбе ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки соҳибкорони ӯзбек ба тарбиятгирандагони муассиса шириниҳои аз кишварашон овардаро тақдим кардаанд.

Корманди сафорати Ӯзбекистон дар Душанбе Фарҳод Раҳмонбердиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ду корманди ширкати қаннодии SLADUS PRODUCE-и шаҳри Тошканд Қаҳрамон Маннапов ва Камолиддин Зокиров бо ташаббуси худ ба ин иқдом даст задаанд.

– Кормандони ширкат ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1-и Душанбе шириниҳо тақдим намуда, имрӯз низ ба ташкилоти ҷамъиятии «Коврони умед», ки ба шаҳрвандони дар вазъи душвор қарордошта кумак мекунад, маснуоти қанннодии худро ҳадя мекунанд, – гуфт Раҳмонбердиев.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио