Ҳалокати бибиву набера зери чархи автомашинаи «Лексус»

Бар асари як садамаи нақлиёт дар ҷумҳурӣ зани 49-сола ва набераи 2-солаи ӯ ҳалок шуданд. Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар робита ба ин ҳодиса менависад, нимаи дуюми рӯзи 24-уми апрел ронандаи автомашинаи тамғаи “Лексус RX-330”, марди 26-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Лоҳур ба самти ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, аз […]

Asia-Plus

Бар асари як садамаи нақлиёт дар ҷумҳурӣ зани 49-сола ва набераи 2-солаи ӯ ҳалок шуданд.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар робита ба ин ҳодиса менависад, нимаи дуюми рӯзи 24-уми апрел ронандаи автомашинаи тамғаи “Лексус RX-330”, марди 26-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Лоҳур ба самти ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори хонаи истиқоматии марди 29-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ бармехӯрад.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи ин бархӯрд зани 49-солаи сокини ноҳияи Восеъ ва набераи хурдсолаш, писарбачаи 2-сола зери чархи автомашина монда, аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонии бардоштаашон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст