Оғози боздиди шоҳдухтар Заҳро Оғо Хон аз Бадахшон

Date:

Дар доираи сафари серӯза ба Тоҷикистон шоҳдухтар Заҳро Оғо Хон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф овард.

Дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ шоҳдухтарро раиси вилоят Шодихон Ҷамшед, раҳбарияти шаҳр ва намояндагони аҳли ҷомеа истиқбол намуданд. Сипас Заҳро Оғо Хон бо фаъолият ва ҷараёни амалишавии як қатор барномаҳо ва лоиҳаҳои Бунёди Оғо Хон оид ба рушд дар минтақа аз наздик шинос шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Бо ин мақсад ӯ ба мавзеи Лангари ноҳияи Ишкошим омада, имрӯз аз деҳаҳои Гудараи ноҳияи Рӯшон ва Хидорҷеви ноҳияи Роштқалъа боздид мекунад ва бо ҳаёту фаъолияти сокинони ин деҳаҳо шинос мешавад.

Дар доираи ин сафар шоҳдухтар ҳамчунин бо раҳбарияти ВМКБ ва намояндагони барномаву лоиҳаҳои Бунёди Оғо Хон оид ба рушд дидору гуфтушунид анҷом медиҳад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Шоҳдухтар Заҳро Оғо Хон духтари Волоҳазрат Шоҳзода Карим Оғо Хони IV – муассис ва раиси AKDN аст. Ӯ ҳамчунин узви Шӯрои мудирони Бунёди Оғо Хон оид ба рушд буда, ваколат ва масъулиятҳои ӯ аз раҳбарӣ ва таҳияи сиёсат дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ иборатанд. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...