Дархости 10 соли зиндон ба қотили духтар ва 22 сол ба ҳаммаслаки ӯ

Дар Суди олии Тоҷикистон баррасии парвандаи марбут ба куштори духтари 16-сола Нозима Исомиддинова дар шаҳри Турсунзода дар арафаи анҷомёбист. Айбдоркунандаи давлатӣ Бахтиёр Маҳмудзода аз суд дархост намуд, ки ташкилкунанда ва бевосита иҷрокунандаи ин куштор Абдулқосим Норматов ба 10 соли зиндон ва ҳаммаслаку ҳамсинфи ӯ Раҳимҷон Комилов, ки дар қатли духтар ба ӯ кумак кардааст, ба […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Дар Суди олии Тоҷикистон баррасии парвандаи марбут ба куштори духтари 16-сола Нозима Исомиддинова дар шаҳри Турсунзода дар арафаи анҷомёбист.

Айбдоркунандаи давлатӣ Бахтиёр Маҳмудзода аз суд дархост намуд, ки ташкилкунанда ва бевосита иҷрокунандаи ин куштор Абдулқосим Норматов ба 10 соли зиндон ва ҳаммаслаку ҳамсинфи ӯ Раҳимҷон Комилов, ки дар қатли духтар ба ӯ кумак кардааст, ба 22 соли зиндон маҳкум карда шаванд.

Ин дархости худро прокурор бо он асоснок намуд, ки замони содир шудани ҷиноят Норматов ноболиғ буда, танҳо баъди 13 рӯзи ҷиноят ба синни балоғат расид, вале синни ҳаммаслакаш Комилов аллакай ба 18-солагӣ расида буд.

Ҳамчунин прокурор аз суд дархост кард, ки Мирзомиддин Мирзораҳим, мудири шуъбаи ташхиси судӣ-тиббии шаҳри Турсунзода барои хулосаи бардурӯғ додан дар бораи натиҷаи ташхиси ҷасади духтари кушташуда ба ду соли зиндон ва манъи кор дар ин мансаб ба муҳлати 5 сол маҳкум карда шавад.

Қобили зикр аст, ки ҳамаи айбдоршавандагон дар сухани ниҳоӣ ба гуноҳҳояшон иқрор ва пушаймонӣ изҳор намуда, аз суд дархост карданд, ки ҷазояшонро сабук намояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.