Боздошти муовини сардори Раёсати хадамоти гумрук дар Суғд

Муовини сардори Раёсати Хадамоти гумрук дар вилояти Суғд Фаридун Беназирзода дар шаҳри Хуҷанд боздошт шуд. Боздошти ӯ дар доираи парвандаи ҷиноӣ нисбати кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Тоҷикистон сурат гирифтааст. Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Фаридун Беназирзодаро рӯзи 1 май дар ҳуҷраи кориаш боздошт намудаанд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаи огаҳ […]

Мавлуда Рофиева, махсус барои Asia-Plus

Муовини сардори Раёсати Хадамоти гумрук дар вилояти Суғд Фаридун Беназирзода дар шаҳри Хуҷанд боздошт шуд. Боздошти ӯ дар доираи парвандаи ҷиноӣ нисбати кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Фаридун Беназирзодаро рӯзи 1 май дар ҳуҷраи кориаш боздошт намудаанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаи огаҳ дар хадамоти махуси ҷумҳурӣ хабар дод, Беназирзода дар чаҳорчӯби парвандаи ҷиноӣ нисбати кормандони Агентии зиддифасод боздошт шудааст.

Хотиррасон шуд, ки то соли 2015 Беназирзода дар вазифаи муовини сардори Раёсати Агентии зиддифасод дар шаҳри Душанбе, сипас муддати ду сол дар Хадамоти гумруки назди ҳукумат дар Душанбе кор карда, ҳамагӣ як моҳ пеш ба кор дар вилояти Суғд гузаронида шудааст.Аз ифшои ҷузъиёти дигари масъала манбаъ худдорӣ варзид.

Ёдрас мекунем, ки тибқи маълумоти ВАО, айни замон беш аз 10 нафар кормандони Агентии зидддифасод боздошт шудаанд. Дар худи Агентӣ дар ин робита изҳор мекунанд, ки ин кормандон чанд ҳафта пеш аз боздошташон аз кор озод шудаанд. Раҳбарияти Агентӣ бо зикри махфӣ будани маводи парванда аз шарҳи бештар худдорӣ мекунад.

Миёни боздоштшудагон собиқ сардори Раёсати тафтишоти Агентӣ Фирӯз Холмуродов низ ҳузур дорад. Чанд нафар таҳти баёноти тарк накардани маҳалли истиқомат қарор дошта, онҳо ҳам шарҳи масъаларо рад мекунанд, ҳатто маълумоти қаблан интишоршуда дар бораи эҳтимоли боздошт шуданашонро низ.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.