Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон бори нахуст дар замони истиқлолияти Тоҷикистон

Date:

Аз 9 то 12 май дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон баргузор мешаванд, ки нахустин чорабинии фарҳангии кишвари ҳамсоя дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст.

Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар шаҳрҳои Душанбе ва Қӯрғонтеппа барномаҳои консертии ҳунармандони Ӯзбекистон доир мегарданд.

Ба гуфтаи вазир, гурӯҳи санъаткорони Ӯзбекистон, ки ба Душанбе меоянд, аз 55 сарояндаву мусиқачиён иборат буда, миёни онҳо овозхонҳои маъруфи барои тоҷикистониён шинос – Ҳунарманди халқии Ӯзбекистон Ғуломҷон Ёқубов ва сарояндаи эстрада Севинч Муминова ҳузур доранд.

Маросими расмии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Тоҷикистон шоми 10 май дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ барпо мешавад.

Дар доираи Рӯзҳои фрҳанг ҳунармандон ва ходимони санъати кишвари ҳамсоя ба ҷуз консерту дигар намишҳо бо ҳамтоҳои тоҷики худ ва аҳолӣ вохӯриҳо мегузаронанд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи баъзе маълумот, ба наздикӣ дар Душанбе консерти пуршукӯҳи овозхони маъруфи эстрадаи Ӯзбекистон Юлдуз Усмонова баргузор мешавад.

Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи апрел дар Душанбе намоиш-ярмаркаи маҳсулоти 160 корхонаҳои саноатии Ӯзбекистон доир гардид. Дар намоиш-ярмарка маҷмӯи васеи маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла маҳсулоти корхонаҳои мошинсозӣ, индустрияи кимиё, саноати сабук, дорусозӣ, корхонаҳои истеҳсоли дастгоҳу таҷҳизоти барқӣ, маводи ғизойӣ, масолеҳи сохтмон, техникаи кишоварзӣ,таҷҳизоти маишӣ, сарулибоси махсус ва ғайра ба маърази тамошо гузошта хоҳанд шуд, ки ба тамоми меъёрҳои байнулмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...