Даргузашти нахустин чемпионии олимпии Тоҷикистон

Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо андуҳи гарон хабар медиҳад, ки 1-уми май дар шаҳри Маскваи Федератсияи Русия чемпиони олимпӣ оид ба қайиқронӣ дар соли 1972, 8 карат қаҳрамони ҷаҳон, Устоди хизматнишондодаи варзиши ИҶШС Юрий Терентевич Лобанов аз олам даргузашт. Юрий Лобанов 29 сентябри соли 1952 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Ӯ аз кӯдакӣ ба […]

Маркази матбуоти КМО Тоҷикистон

Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо андуҳи гарон хабар медиҳад, ки 1-уми май дар шаҳри Маскваи Федератсияи Русия чемпиони олимпӣ оид ба қайиқронӣ дар соли 1972, 8 карат қаҳрамони ҷаҳон, Устоди хизматнишондодаи варзиши ИҶШС Юрий Терентевич Лобанов аз олам даргузашт.

Юрий Лобанов 29 сентябри соли 1952 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Ӯ аз кӯдакӣ ба қайиқронӣ таваҷҷуҳ пайдо кард ва ҳамроҳи бародараш Михаил Лобанов дар ҷамъияти варзишии "Тоҷикистон” ба тамрин машғул шуданд.

Дар Бозиҳои олимпии Мюнхен соли 1972 дар намуди каноэи дунафара ҳамроҳи Владас Чесюнас дар масофаи 1000 метр бо натиҷаи 03:52:6 медали тилло ба даст овард. Дар Бозиҳои олимпии Маскав соли 1980 дар намуди каноэи дукаса бо Василий Юрченко сазовори медали биринҷӣ гашт.

Дар намуди каноэи дунафара ӯ, ҳамчунин 8 маротиба дар масофаҳои 1000 ва 10000 метр унвони қаҳрамони ҷаҳонро сазовор шудааст ва 2-маротибаӣ медалҳои нуқра ва биринҷӣ ба даст овардааст.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.