Оғози рисолати намояндаи нави доимии БОР дар Тоҷикистон

Бонки осиёгии рушд (БОР) намояндаи нави доимии худро дар Тоҷикистон таъин кард. Ба сифати намояндаи нави бонк Прадип Сривастава (Pradeep Srivastava) ба кор шурӯъ намуд. «БОР ва Тоҷикистон шарикии зич дошта, ман ба тақвияти минбаъдаи он умедворам ва бесаброна кор бо ҳукумат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар шарикону ҷонибҳои манфиатдорро оид ба дастгириии афзалиятҳои рушди кишвар […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки осиёгии рушд (БОР) намояндаи нави доимии худро дар Тоҷикистон таъин кард. Ба сифати намояндаи нави бонк Прадип Сривастава (Pradeep Srivastava) ба кор шурӯъ намуд.

«БОР ва Тоҷикистон шарикии зич дошта, ман ба тақвияти минбаъдаи он умедворам ва бесаброна кор бо ҳукумат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар шарикону ҷонибҳои манфиатдорро оид ба дастгириии афзалиятҳои рушди кишвар интизорам», – гуфтааст намояндаи нави бонк.

Дар вазифаи худ Сривастава ба фаъолияти намояндагии БОР дар Тоҷикистон дар доираи шарикии стратегии ҷонибҳо роҳбарӣ мекунад, ки ба кумак барои расидан ба рушди устувор ва фарогир ва камтар осебпазир ба хатарҳои беруна равона шудааст.

Прадип Сривастава шаҳрванди Ҳиндустон аст. Аз соли 2005 ба фаъолият дар БОР шурӯъ намуда, то таъиноти мазкур сариқтисодчии бонк дар департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ буд, ки ба барномаи Ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ (ЦАРЭС) сарварӣ мекард. Дар Донишгоҳи Йелл дар Коннектикут (ИМА) ба дараҷаи доктори иқтисод ва дар Донишгоҳи амрикоии Вашингтон ба дараҷаи магистри иқтисод мушарраф шудааст.

Прадип Сривастава дар ин мансаб Си.Си.Ю.-ро иваз кард, ки моҳи апрел ба рисолати беш аз чорсолаи худ дар Тоҷикистон анҷом бахшид.

Тоҷикистон соли 1998 ба узвияти БОР пазируфта шуда, ин ниҳоди байнулмилалии молӣ яке аз ташкилотҳои асосии мададрасон ба ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. То имрӯз ҳаҷми маблағҳои ҷудошудаи ин ниҳод ба Тоҷикистон ба сифати қарзҳои имтиёзнок, грант ва кумакҳои техникӣ беш аз 1,5 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Фаъолияти БОР дар Тоҷикистон ба беҳбуди вазъи зербино, ислоҳи муҳити сармоягузорӣ ва беҳтар кардани амнияти ғизойӣ нигаронида шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.