Маҳви яке аз пешвоёни «Давлати исломӣ» дар Афғонистон

Date:

Дар ҷараёни амалиёти муштараки низомиёни ИМА ва Афғонистон раҳбари шохаи гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Афғонистон Шайх Абдулҳасиб рӯзи 27 апрел кушта шуда, вале Вазорати мудофиаи ИМА (Пентагон) танҳо ҳозир ин маълумотро тасдиқ кард.

Хабаргузории Reuters бо истинод ба фармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи ИМА дар Афғонистон Ҷон Николсон дар ин робита менависад, Абдулҳасиб дар шарқи Афғонистон нобуд шуда, ба низомиён ҳамчунин авиатсия ва ҳавопаймоҳои бесарнишин кумак кардаанд.

Гуфта мешавад, ғайр аз ин, боз чанде аз раҳбарони минтақавии гурӯҳ ва 36 нафар ҷангиёни қаторӣ низ кушта шудаанд.

Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ низ кушта шудани раҳбари шохаи гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Афғонистон Шайх Абдулҳасибро эълон кардааст.

Қобили зикр аст, ки Абдулҳасиб баъди бар асари зарбаҳои ҳавоии ИМА нобуд шудани Ҳафиз Саид Хон – пешвои пешинаи Давлати исломӣ дар Покистону Афғонистон ба ин мансаб расида буд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...