Ҳамоиши тиҷоратии Тоҷикистону Покистон дар Душанбе

Date:

Ҳамоиши доираҳои соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Покистон рӯзҳои 24-25 май дар Душанбе доир мегардад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ), санаи баргузории ҳамоиш дар вохӯрии раиси Палата Шариф Саид бо сафири Покистон дар Тоҷикистон Тариқ Иқбол Сомро мувофиқа шудааст.

Гуфта мешавад, зимни мулоқот ҷонибҳо зикр кардаанд, ки аз намоиш ва форуми соҳибкорон таҳти унвони «Покистон – Тоҷикистон», ки соли гузашта дар Душанбе доир гардид, натиҷаҳои мусбат ҳосил шуда, бо ширкатҳои «Ҳасан индастрис» дар бораи дар қаламрави Тоҷикистон таъсис додани корхонаи муштарак оид ба коркарди пӯст ва истеҳсоли маснӯот аз он созишнома ба имзо расидааст.

Ҳамчунин дар ҷараёни мулоқот қайд шудааст, ки бо корхонаҳои вилояти Суғд дар бораи ҳамкорӣ миёни ширкати «Ҳасан индастрис» ва ТАЛКО бобати ба Покистон интиқол додани маҳсулоти ноқилӣ ва алюминий низ созишномаҳо ба тасвиб расидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки дар вохӯрӣ ҷонибҳо таъкид доштаанд, ки барои ба таври қобили мулоҳиза афзудани ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Покистон беҳбуди коммуникатсияҳои нақлиётӣ зарур аст.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Покистон каме бештар аз 55 млн. долларро ташкил дода, давоми сол 14% кам шудааст. Дар муомилоти моли соли гузашта миёни кишварҳо беш аз 30 млн. доллар ба содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ва 25 млн. доллар ба воридоти маҳсулот аз Покистон ба Тоҷикистон рост меояд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...