Ҳамлаи афроди номаълум ба афсари КДАМ дар Кӯлоб

Шаби 14 май шахсони номаълум ба афсари Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Муҳиддин Юлаев дарафтода, бо зарбаҳои корд ӯро маҷрӯҳ кардаанд. Як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳамла ба афсари 25-сола миёни соатҳои 22-23-и шаб назди манзилаш дар маркази шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Исмоили Сомонӣ сурат гирифта, ҷинояткорон […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Шаби 14 май шахсони номаълум ба афсари Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Муҳиддин Юлаев дарафтода, бо зарбаҳои корд ӯро маҷрӯҳ кардаанд.

Як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳамла ба афсари 25-сола миёни соатҳои 22-23-и шаб назди манзилаш дар маркази шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Исмоили Сомонӣ сурат гирифта, ҷинояткорон аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Бино ба гуфтаи ӯ, афсари маҷрӯҳшуда дар бемористон бистарӣ шуда, табибон ҳолати ӯро вазнин арзёбӣ мекунанд.

Сохторҳои қудратӣ ба ҳеҷ гунае ин ҳодисаро шарҳу тавзеҳ намедиҳанд. Маълум нест, ки чанд нафар ба афсар дарафтодаву мақсади ҳамлаашон чист.

Амалиёти муштараки кормандони КДАМ ва Вазорати корҳои дохилӣ оид ба ошкор ва дастгир кардани афроди ба ин ҷиноят дастдошта идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.