Сегоникҳоро дар Бӯстон Сомону Раҳмон ва Малика ном гузоштанд

Дар шаҳри Бӯстон (собиқ Чкаловск)-и вилояти Суғд бори нахуст дар замони истиқлолияти кишвар сегоникҳо – ду писару як духтар ба дунё омаданд. Ҳамсарони ҷавон онҳоро Сомону Раҳмон ва Малика ном гузоштанд. Навбатдори таваллудхона табиб Аастасия Шарипов дар ин робита гуфт, вазъи солимии модару кӯдакон хуб буда, онҳо дар палатаи оддӣ бистарианд. Модари тифлон, сокини 22-солаи […]

Баҳром Файзуллоев

Дар шаҳри Бӯстон (собиқ Чкаловск)-и вилояти Суғд бори нахуст дар замони истиқлолияти кишвар сегоникҳо – ду писару як духтар ба дунё омаданд. Ҳамсарони ҷавон онҳоро Сомону Раҳмон ва Малика ном гузоштанд.

Навбатдори таваллудхона табиб Аастасия Шарипов дар ин робита гуфт, вазъи солимии модару кӯдакон хуб буда, онҳо дар палатаи оддӣ бистарианд. Модари тифлон, сокини 22-солаи шаҳри Бӯстон Дилдора Обидова ба табибону ҳамшираҳои шафкати бемористон миннатдорӣ изҳор намуд.

«Чанде қабл раиси шаҳр Рухсора Давлатзода ба аёдати мо омада, таваллуди сегоникҳоро дар остонаи ҷашни Рӯзи байнулмилалии оило фоли нек номид ва барои тифлон аробачаҳои кӯдакона ва дигар туҳфаҳо тақдим кард», – гуфт ӯ.

Қобили зикр аст, ки дар тарабхонаи «Хушбахтӣ» ба муносибати Рӯзи байнулмилалии оила, ки имрӯз дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад, чорабинии тантанавӣ доир гардида, ба он оилаҳои беҳтарини шаҳр, ки тӯли солҳои зиёд бо ҳам зиста, фарзандони накӯ тарбият кардаанд ва бояд барои ҷавонон намунаи ибрат бошанд, даъват карда шуданд.

Дар қатори оилаҳои калонсолон, оилаҳои ҷавон низ ба чорабинӣ даъват шуда, аз ҷумла ба ҳамсарон Дилдора Обидова ва Наимҷон Қодиров, ки дар оилаи онҳо сегоникҳо ба дунё омаданд, дар вазъи тантанавӣ шаҳодатномаҳои таваллуди тилонашон супурда шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.