Файзинисо Воҳидова нерӯҳои марзбониро ба маҳкама мекашад

Ҳомии ҳуқуқи маъруфи тоҷик Файзинисо Воҳидова ният дорад, ки аз болои нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ, ки сафари ӯро ба Қирғизистон манъ карданд, ба суд шикоят барад. Дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» Воҳидова дар ин робита хабар дод, ки рӯзи 14 май ӯ барои иштирок дар маросими гӯру чӯби ҷиянаш ба Қирғизистон азми сафар дошт, вале ҳангоми убур […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Ҳомии ҳуқуқи маъруфи тоҷик Файзинисо Воҳидова ният дорад, ки аз болои нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ, ки сафари ӯро ба Қирғизистон манъ карданд, ба суд шикоят барад.

Дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» Воҳидова дар ин робита хабар дод, ки рӯзи 14 май ӯ барои иштирок дар маросими гӯру чӯби ҷиянаш ба Қирғизистон азми сафар дошт, вале ҳангоми убур аз гузаргоҳи Овчӣ-Қалъача марзбонони тоҷик ӯро манъ кардаанд ва ин манъкунӣ 8 соат – аз соати 7-и субҳ то соати 15:00-и рӯз идома доштааст.

«Ба ман гуфтанд, ки барои тарки қаламрави Тоҷикистон ҳуқуқ надорам, – мегӯяд ҳомии ҳуқуқ. – Сабаби боздоштро мушкилот дар шиносномаам унвон карданд, аммо марзбонон ҳатто шиносномаи маро надидаанд, вале ба ман гуфтанд, ки он нуқс дорад, гӯё муҳр ноаён будааст. Шиносномаи ман нав аст. Онро соли гузашта дар ВКД гирифтам ва муҳр дар он ба хубӣ аён аст».

Файзинисо Воҳидова мутмаин аст, ки мушкилот бо шиноснома баҳонаест барои роҳ надодан ба тарки Тоҷикистон кардани ӯ.

«Боздошт муддати 8 соат давом кард ва ин амали марзбонон ғайриқонунӣ мебошад. Ҳозир ман барои шикоят ба суд маводи ҷамъ мекунам. Барои иҷозаи вуруд ё хурӯҷ хадамоти муҳоҷират ҳуқуқ дорад, аммо вақте ман ба хадамоти муҳоҷирарт рафтам, онҳо умуман лар бораи ин манъкунӣ огаҳӣ надоштаанд», – зикр кард номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.