Душанбе аз Пекин имзои созишномаи таҳвили меваро дархост кард

Зимни мулоқоти муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим бо раиси Комиссия оид ба корҳои хориҷии Кумитаи Умумичинии Шӯрои халқии сиёсӣ ва машваратии ин кишвар Пан Юнхэ масъалаи ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуданд. Бино ба маълумоти АМИТ «Ховар», Азим Иброҳим изҳор доштааст, ки Тоҷикистон яке аз аввалин кишварҳоест, ки ташаббуси роҳбари Чин «Як камарбанд — як роҳ»-ро дастгирӣ […]

Asia-Plus

Зимни мулоқоти муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим бо раиси Комиссия оид ба корҳои хориҷии Кумитаи Умумичинии Шӯрои халқии сиёсӣ ва машваратии ин кишвар Пан Юнхэ масъалаи ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуданд.

Бино ба маълумоти АМИТ «Ховар», Азим Иброҳим изҳор доштааст, ки Тоҷикистон яке аз аввалин кишварҳоест, ки ташаббуси роҳбари Чин «Як камарбанд — як роҳ»-ро дастгирӣ намудааст ва интизор меравад, ки ин ташаббус ба рушди иқтисодии кишварҳои Шоҳроҳи абрешим таъсири мусбат расонад.

Гуфта мешавад, дар вохӯрӣ ҳамчунин ба масоили марбут ба ҳалли мушкилоти интиқоли сабзавоту мева аз Тоҷикистон ба бозорҳои Чин, аз ҷумла имзои созишномаи дуҷонибае, ки аллакай маъқул шуморида шудааст, таваҷҷуҳ зоҳир шудааст.

Ғайр аз ин, ҷонибҳо атрофи масъалаҳои сохтмони шохаи лӯлаи гази Турманистон – Чин тариқи қаламрави Тоҷикистон, саҳмгузории ин кишвар ба бунёди Маркази барқу гармидиҳии Фон-Яғноб бо иқтидори 600 мегаватт ва дигар масоили мавриди таваҷчуҳи тарафайн табодули назар намуданд.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 15 май дар Пекин таҳти унвони «Як камарбанд ва як роҳ» Форуми байнулмилалии иқтисодӣ доир гардида, Тоҷикистонро дар он вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода ва сардори Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ Абдуфаттоҳи Ғоиб намояндагӣ карданд.

Дар ҳошияи кори форум Абдуфаттоҳи Ғоиб бо ҳамтои чинии худ Ю Гуанчжоу дидору гуфтушунид карда, зимни мулоқот ва мубодилаи афкор ҷонибҳо доир ба масъалаҳои расонидани кӯмаки моддию техникӣ, мубодилаи маълумоти гумрукӣ, масъалаи ташкил намудани намояндагиҳои гумрукӣ ва мубодилаи таҷриба, ҳамчунин, як қатор масоили дигари тарафҳо ба мувофиқа расиданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин ба масъалаҳои иштироки фаъол дар амалисозии лоиҳаи «Як камарбанд ва як роҳ», муосидат ба гуфтушунид оид ба имзои созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи ҳамкорӣ ва кумаки мутақобила дар бахши гумрук, роҳандозии ҳамкориҳои дар гузаргоҳҳои гумрукӣ ва омодасозии кадрҳои варзида дар ин бахш таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио