Таркиш дар Манчестерро амали террористӣ унвон мекунанд

spot_imgspot_img

Дата:

Мақомоти интизомӣ дар Бритониё мегӯянд, ки бар асари таркиши шаби 23-юми май дар як толори консертӣ дар шаҳри Манчестер дар шимоли ин кишвар, 22 нафар кушта ва 59 тани дигар захмӣ шудаанд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, раиси пулиси Манчестер дар нишасти хабарӣ гуфтааст, ки "мо дар ҳоли таҳқиқ дар бораи ин таркиш ба унвони як иқдоми террористӣ ҳастем". Вай дар идома гуфтааст, ки дар ин ҳодиса 22 нафар кушта ва 59 тани дигар захмӣ шудаанд ва маҷрӯҳон ба шаш бемористон дар Манчестер интиқол дода шудаанд.

Ин ҳодиса дар маҳали баргузории консерти Ариан Гранде, овозхони ҷавони амрикоӣ рӯй додааст. Як сухангӯи Ариан Гранде гуфтааст, ки дар ин таркиш ба ин овозхони зан, осебе нарасидааст. Тибқи гузоришҳо, дар толори консертӣ, ки зарфияти 21 ҳазор нафар дорад, ҳазорон ҷавон, ки бештари онҳо духтар буданд, ҳузур доштанд. Бар пояи хабарҳо, таркиш дар лаҳзаҳои ахири консерт ва дар берун аз толор, рух додааст.

Тибқи гузоришҳо, дар ин консерт 20 ҳазор нафар иштирок доштанд.

Як мақоми амниятии амрикоӣ низ гуфтааст, ки яке аз ҳамлаварон дар берун аз ҷои баргузории консерт худро таркондааст. Дар ҳамин ҳол шоҳидони айнӣ мегӯянд, пас аз садои таркиш, мардум ба тарафи дарвозаҳои хуруҷии толор шитофтанд. Тибқи гузоришҳо, дар ин консерт 20 ҳазор нафар иштирок доштанд.

Як шоҳиди айнии дигар гуфтааст, ки дар ҳудуди соати 10:35 ба вақти маҳаллӣ, фақат як садои баланд шунида шуд ва баъд мардум саросема ба тарафи дарҳои хуруҷӣ шитофтанд. Тибқи гузоришҳо, садҳо тан аз нерӯҳои амниятӣ ва зиддитеррористии Бритониё дар кӯчаву хиёбонҳои Манчестер ҷобаҷо шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, Тереза Мей, нахуствазири Бритониё эълом кардааст, ки таҳқиқот дар бораи ин ин ҳодиса ба унвони як таркиши террористӣ хоҳад буд. Хабаргузории Рейтерз мегӯяд, дар сурате, ки ба таври расмӣ таъйид шавад, ки таркиши Манчестер як ҳамлаи террористӣ будаааст, ин инфиҷор бузургтарин ҳамлаи террористӣ аз соли 2005 то кунун хоҳад буд. Дар ҳамлаҳои террористии соли 2005 дар Лондон, 52 нафар кушта шуданд.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...