Дар Чемпионати дзюдои Осиё Тоҷикистонро 7 нафар намояндагӣ мекунанд

Рӯзҳои 26-28 майи соли равон дар шаҳри Гонконги Ҷумҳурии Мардумии Чин Чемпионати Осиё оид ба дзюдо баргузор мешавад. Бино ба иттилои маркази матбуоти КМО Тоҷикистон, дар ин мусобиқаи бонуфузи қора 242 варзишгар аз 28 давлат дар вазнҳои 60, 66, 73, 81, 90, 100, +100 миёни мардон ва дар вазнҳои 48, 52, 57, 63, 70, 78, […]

Маркази матбуоти КМО Тоҷикистон

Рӯзҳои 26-28 майи соли равон дар шаҳри Гонконги Ҷумҳурии Мардумии Чин Чемпионати Осиё оид ба дзюдо баргузор мешавад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти КМО Тоҷикистон, дар ин мусобиқаи бонуфузи қора 242 варзишгар аз 28 давлат дар вазнҳои 60, 66, 73, 81, 90, 100, +100 миёни мардон ва дар вазнҳои 48, 52, 57, 63, 70, 78, +78 миёни занон барои медалҳо рақобат мекунанд.

Гуфта мешавад, аз ҷумҳурии мо ба ин чемпионат 7 варзишгар бо 1 мураббӣ сафарбар гардидаанд.

Ба иттилои раиси Федератсияи дзюдои Тоҷикистон Нурулло Лоиқов, ҷумҳурии моро дар ин мусобиқа 7 варзишгар – Суҳроб Боқиев (вазни 60 кило), Хушқадам Хусравов (66), Саидмухтор Расулов, Хоҷазода Беҳрӯз (73), Садр Боев (81), Комроншоҳи Устопириён (90) ва Саидҷалол Саидов (100) бо сарварии мураббӣ Фахриддин Раҳимов намояндагӣ мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст