Тавсияи худдорӣ аз сафар ба Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон

Ба шаҳрвандони Тоҷикистон тавсия дода шуд, ки дар давраи аз 1 июн то 12 июли соли равон аз сафар ба шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Сочи ва Қазони Русия худдорӣ варзанд. Тӯли ин муддат дар шаҳрҳои зикршуда бозиҳои Ҷоми футболи конфедератсияи FIFA 2017 баргузор мешаванд. Дар тамоми муддати баргузории ин мусобиқа маросими бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ дар шароити […]

Asia-Plus

Ба шаҳрвандони Тоҷикистон тавсия дода шуд, ки дар давраи аз 1 июн то 12 июли соли равон аз сафар ба шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Сочи ва Қазони Русия худдорӣ варзанд. Тӯли ин муддат дар шаҳрҳои зикршуда бозиҳои Ҷоми футболи конфедератсияи FIFA 2017 баргузор мешаванд.

Дар тамоми муддати баргузории ин мусобиқа маросими бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ дар шароити махсус сурат мегирад.

Президенти Русия Владимир Путин фармонеро ба имзо расонид, ки тартиботи бақайдгирии муҳоҷират барои шаҳрвандони хориҷӣ дар ин давраро тағйир медиҳад. Ин фармон дар сомонаи иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст.

«Бар асоси ин фармон дар ин давра ба ҳамаи хориҷиён зарур аст, ки дар муддати як шабонарӯз худро ба қайд гузоранд, – огоҳ мекунад Human Rights Center Tajikistan. – Агар шумо дар ин муддати кӯтоҳ худро ба қайди муҳоҷират гузошта натавонед, нисбати шумо андешида шудани чораҳои муҷозоти маъмурӣ имкон дорад, ки ба манъи вуруд ба Русия сабаб шуда метавонад».

Мутобиқи фармони мазкур, ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ, ки марзи Русияро дар давраи аз 1 июн то 12 июли соли 2017 убур кардаанд, бояд дар давоми як шабонарӯз худро ба қайди муҳоҷират гузоранд.

Ёдрас мекунем, ки тибқи созишномаҳои байниҳукуматӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Русия мераванд, ҳуқуқ доранд, ки дар муддати 15 шабонарӯз худро дар қайди муҳоҷират гузоранд, аммо бо назардошти ин фармон, алҳол онҳо аз ин ҳуқуқ маҳрум шуданд.

Қобили зикр аст, ки муқаррароти ин фармон танҳо ба шаҳрвандоне дахл дорад, ки дар ин давра хоҳиши сафар ба чор шаҳри Русия – Маскав, Санкт-Петербург, Сочи ва Қазонро дошта бошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.